Далер Қосимов: Моро ба ғуломӣ фурӯхта буданд. (Видео)

Далер Қосимов: «Хонаро сохтем, дуруст кардем, додем, вале пулашро надидем. Мезаданд моро, ки кор кунед. Онҳо мисли подабон буданду мо мисли гӯсфанд. Ғуломворӣ бепул кор мефармуданд бачаҳои тоҷикро. Моро ба ғуломӣ фурӯхта буданд. Аз ҳамин Тоҷикистон! Азоби сагро кашидем, вале як тин ҳам нагирифтем.”

Телевизиони «Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ бо нашри як гузориш дар бораи 28 сокини минтақаи Кӯлоб хабар дод, ки як моҳ пеш аз ғуломӣ дар Қазоқистон раҳо ёфта, ба Тоҷикистон баргаштаанд. Бино ба ин гузориш, ҳунарманди ансамбли «Фалак” Далер Қосимов ва 27 нафари дидгарро дар охири моҳи октябри соли 2015 бо ваъдаи пули хуб ба Қазоқистон ба кори сохтмон бурдаанд.

Ба онҳо ваъда додаанд, ки ҳар моҳ 1000 доллар маош хоҳанд гирифт, вале: «Як моҳ гузашт, аммо барои онҳо шароити дуруст муҳайё накарданд. Ба серӣ ба онҳо хӯрок намедоданд. Ҷои хоби дуруст надоштанд. Ба онҳо музди меҳнат надода ба ҷои пул маҷбуран бо роҳи зӯрӣ, лату кӯб карда онҳоро кор мефармуданд. Далер фаҳмид, ки онхоро фурӯхтаанд. Ҳамчун ғулом дар ин ҷо онҳоро кор мефармоянд.”

Далер Қосимов як рӯз пинҳонӣ аз ин макони ғуломӣ гурехта, ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон муроҷиат кардааст ва сафоратро аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик хабардор кардааст. «Мавҷи Озод” дар гузоришаш мегӯяд: «Танҳо бо дахолати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон Далер Қосимов ва ҳамкоронаш аз ғуломӣ раҳо ёфта, ба Ватан баргардонида шуданд.”

Далер Қосимов, ки як моҳ пеш аз Қазоқистон баргаштааст, дар ин гузориш дар бораи рӯзҳои ғуломии ӯву ҳамроҳонаш дар Қазоқистон хеле бо эҳсос ва чунин қисса мекунад: «Инҷо ваъдаамон карданд, ки меравед, 4 рӯз пас 500 доллар авансатон медиҳанд, баъди 15 рӯз боз 1000 долларатон медиҳанд. Дар гӯшҳоямон лапшаро кашол карданду бурданд моро. Рафтем, як ҳафта истодем, 100 доллари худоиҷониашонро надидем, хӯроки созашонро надидем.”

Далер мегӯяд, ки онҳо дар шаҳри Остона кори сохтмон мекарданд: «Хонаро сохтем, дуруст кардем, додем, вале пулашро надидем. Мардуми тоҷик гиря мекард, Бачаҳои деҳаи Доғистони Шӯрообод буданд, мегиристанд. Касе тавонист, гурехт аз онҷо. Масҷид ба масҷид гаштем, ки моро кӯмак кунед, то баргардем. Вале ба додамон нарасид.”

Далер мӯътақид аст, ки онҳоро ҳанӯз норафта, дар ҳамин Тоҷикистон ба ғуломӣ фурӯхтаанд:»Одамфурӯшӣ буд ин. Чӣ хел? Бастаи долларро ба як нафар медиҳанду мегӯянд, ки мардуми тоҷикро бифирист ба ғуломӣ. Моро фурӯхта буданд, аз ҳамин Тоҷикистон фурӯхта буданд. Мезаданд моро, ки кор кунед. Онҳо мисли подабон буданду мо мисли гӯсфанд. Ғуломворӣ бепул кор мефармуданд бачаҳои тоҷикро. Мо онҷо азоби сагро кашидем, вале ҳатто як тин нагирифтем.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *