Оши палови тоҷикӣ дар Ню-Йорки Амрико

Видеои ду сокини Ню-Йорки Амрико дар бораи дӯсти тоҷики онҳо Шероз ва дар бораи Тоҷикистону оши палавро дар Фейсбук дар зарфи ҳамагӣ чанд рӯз беш аз 35 ҳазор нафар тамошо карда ва қариб 500 нафар бознашр кардаанд.

Се ҷавон аз Ню-Йорки Амрико видео дар бораи дӯсти тоҷикашон Шероз Хушназаровро рӯзи 4 март дар Фейсбук гузоштанд. Онҳо дар поварақи ин видеои дудақиқаӣ навиштаанд:

«Оё боре дар бораи Тоҷикистон шунидаед? Мо Тоҷикистонро дар Бруклин пайдо кардем.

Ин кишвари хурд бо номи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон, Чин, Узбекистон ва Қирғизистон аст. Дӯсти мо Шероз чанд сол пеш аз Тоҷикистон ба инҷо ҳиҷрат кард, ибтидо дар Мемфис зист ва сипас ба Ню-Йорк омад. Мо як рӯз бо Шероз будем ва ба беҳтарин тарабхонаи тоҷики «Tandir Express” рафтем, то оши палов, ғизои асосии Ватани ӯро бичашем.”

Дар ин видео Шероз дар бораи чигуна соҳиби грин – кард (ҳаққи иқомат)-и Амрикоро ба даст овардану муддате дар шаҳри Мемфис ба сар бурданаш ва билохира ба Ню-Йорк кӯчиданашро қисса мекунад.

Ӯ мегӯяд, сабаби асосии аз Мемфис ба Ню-Йорк кӯчиданаш ин буд, ки дар Мемфис тоҷикҳо набуданд: «Инҷо ман ҳамватанҳоямро пайдо кардам. Ва муҳимтар аз ҳама, дар инҷо тарабхонае бо беҳтарин оши палав ҳаст. Дар ин тарабхона тамоми муҳиташ тоҷикист.”

Аксари тоҷикҳое, ки дар зери ин видео шарҳ навиштаанд, иқрор мекунанд, ки дар ҳар куҷои дунё ки ҳастанд, дилашон барои Тоҷикистон гум мезанад ва оши палавро ёд мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *