Имтиҳони тарма. Якеро дар ғафлат дарёфту дигареро дар масъулият (бо аксҳо)

Бахтиёр аз дари мехлопата сарашро берун кашид ва пас аз салому алейк гуфт, ки дар Майхӯра роҳ вазнин шудааст. Бо ҳамин суҳбати мо тамом шуд ва садои мехлопатаи ӯ дубора баланд гашт.

Ӯ аз истироҳатгоҳе, ки ман нигаҳбонӣ мекунам, тақрибан 70 метр дур норафта буд, ки аввал садои даҳшатбор ва аз дунболи он  кӯҳи тарма ба домани дара рехт.  Дар як нафас ғулғулаи гӯшхарош ба оромии гӯшнавоз мубаддал гашт. Барф маҳин-маҳин меборид. Чашмони аз тарс ва ҳайрат беқарори ман миёни кӯҳи тарма Бахтиёрро меҷуст. Аммо ӯ ва мехлопатааш ба коми даҳшат фурӯ рафта буданд,- нақл мекунад Одина Абдулов, сокини н. Варзоб.

Баъдтар мутахассисон муайян мекунанд, ки ҳаҷми тармаи дар километри 48 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ фуруомада 2 миллион метри мукааб, дарозии он 450 метр, бараш ҷо- ҷо то 150 метр, баландиаш то 50 метрро ташкил медиҳад.

Тарма шимоли кишварро аз ҷануб ҷудо карда буд, аҳолии нӯҳҳазораи деҳаи Зиддӣ аз ду тараф дар муҳосираи тарма қарор дошт.

Овозаи банд шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ чун садои тарма дар фазои Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ғулғула андохт. Ҳаракати ҳазорҳо мошин дар ин шоҳроҳ қатъ гашт. Мошинҳои пурбори аз Хуҷанд ба ҷануби кишвар роҳгирифта  дар ағба ва нақби “Истиқлол” банд монданд. Мусофирон ва ронандагон дар нақб ва долонҳо барои худ паноҳгоҳ ёфта буданд. Дар бозорҳои Душанбе,  ҳатто Қӯрғонтеппаю Кӯлоб нархи сабзавот ду маротиба боло рафт. Далел, қатъ гаштани интиқоли мол аз вилояти Суғд буд. Ин воқеият дошт ё баҳонаи миёнаравҳои бозорнишини беинсоф таҳлил мехоҳад. Вале собит гашт, ки рагҳои хунгарди ду қисмати ҷисми Тоҷикистон ба ҳам сахт пайванданд. Ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам иттилоотӣ.

Аз дунболи баста шудани роҳ ҳаннотӣ дар бозори итттилоотӣ низ доман афрохт. На танҳо кишварҳо, ҳатто сохтору соҳибмансабони алоҳида кушода шудани роҳро мансуб ба сохтори худ медонистанд.

Як рӯзи будубоши мо дар минтақаҳои тармафаро асрори бисёреро  бароямон ошкор сохт. Ҳар кадоме мехост нақши худу сохторашро  аз буда бештар нишон диҳад. «Шумо журналистед? Ба ин тезӣ кушода шудани роҳ хизмати мост»,- мегуфтанд онҳое, ки даст дар киса болою поин мерафтанд ва аз қуллаи тармаи панҷоҳметра  ба суратгири мо муроҷиат мекарданд, ки акси онҳоро гирад ва дар рӯзнома чоп кунад.

  • Чаро мехоҳед, ки аксатон дар рӯзнома чоп шавад?- мепурсем.
  • Охир дар боло ҳам донанд…

Онҳо бехабар аз он буданд, ки дар боло ҳама чизро медонанд. Ҳам худнамоии шуҳратпарастон ва ҳам заҳматҳои масъулиятшиносонро.

Поёнтар аз тарма се хайма ва  як хоначаи сайёр қарор дошт. Мо вориди хаймаҳо мешавем. Мизҳо ва курсиҳо қатор чида шудаанд.

  • Ин ҷо чист?, — мепурсем аз ҷавони либоси низомӣ дар тан.
  • Ошхона мегӯяд,- ӯ ва идома медиҳад. -Рӯзҳои аввали фуруд омадани тарма бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҳисоби кормандони БДА, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ОМОН,  гурӯҳи калони сарбозон барои кушодани роҳ сафарбар гаштанд. Ошхонаи сайёри воҳиди дохилаи вазорат фавран ба ин минтақа интиқол дода шуд. Мо ҳамарӯза барои тахминан то 400 нафар хӯрок тайёр мекардем.Имрӯз ҳам барои 100 нафар ғизо пухтем. Километри 48 шоҳроҳ воқеан як ҷабҳаро ба хотир меовард. Ҳама барои кушодани роҳ даст ба гиребони тарма буданд.

Поёнтар хаймаи сайёри рӯи ду чарх устувор қарор дошт.

Як нафаре, ки худро корманди вазорати нақлиёт муаррфӣ кард, изҳор намуд, ки он ҷои ситоди сардори маркази идораи бартарафкунии офат аст.

  • Сардор кист?- мепурсам аз ӯ.
  • Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода,- мегӯяд ӯ.
  • Ӯ дар куҷост?
  • Се шабонарӯз 24 соатӣ дар ин ҷо буд. Баъд аз кушода шудани роҳ вай ба Душанбе рафт.
  • Магар бо қувваи двизияи 201 ин роҳ кушода нашуд? Дар ин бора тавассути матбуоти Русия хабар нашр гардид.

Ӯ бозу ба ҳам мекашад ва аз мо дур мешавад.

Мо ба як хаймаи кӯчаке, ки дар паҳлуяш автомашинаи УРАЛ қарор дошт, наздик мешавем. Дар дохили он, ки хеле гарму боҳаловат буд, чор нафар сарбозони рус менишастанд. Баробари дидани мо садди роҳамон гаштанд ва нагузоштанд, ки  ворид шавем. Мо худро муаррфӣ кардем ва хостем бо чанд савол муроҷиат кунем. Ӯ ба хотири гирифтани иҷозат аз командир дубора вориди хайма гашт ва баъди чанде берун омад.

    Аз суҳбат бо лейтенанти калон Д.Пономарёв (дивизияи 201)

-Шумо ин ҷо ба кадом хотир омадед?

— Ёрӣ расонидан.

— Ёрӣ дар чӣ ифода меёбад?

— Як мошин бо як одам зери тарма мондааст. Бо минакоб онро ҷустуҷӯй дорем.

— Пайдо кардед?

— Не. Дастгоҳ чанд нуқтаро нишон дод. Ин ҷо гуфтем. Кофтанд, оҳанпора баромад. Ҳаҷми барф калон, бо ин дастгоҳ пайдо кардани он душвор аст.

-Шумо чанд нафар ин ҷо ҳастед?

— Ҳар смена 4 нафарӣ.

— Кай ин ҷо омадед?

-Якшанбе.

— Шумо дар кушодани роҳ кумак мерасонед?

— Не, вазифаи мо бо минакобак ҷустан.

— Мо тавассути телевизионҳои Россия хабар ёфтем, ки роҳ бо ёрии  дивизияи 201 кушода шуд.

— Намедонам. Хабар надорам.

Ӯ кӯшиш мекард аз саволҳои мо гурезад. Чунин ҳам кард. Даме ки мо бармегаштем, он чор нафарро дар тараддуди савор шудан ба мошини УРАЛ дидем.

  • Куҷо меравед?- пурсидам аз ӯ.
  • Ба қароргоҳамон бармегардем.
  • Чаро? Магар коратон ба анҷом расид?
  • Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мошину мурдаро пайдо карданд. Дигар зарурати будани мо дар ин ҷо нест.

Аз суҳбат бо  Маҳмадсаид Саидов, сардори Раёсати  БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ:

— Рӯзи аввали фаромадани тарма вазири корҳои дохилӣ  ба ҷойи ҳодиса омад. Таҳти роҳбарии ӯ ситод таъсис ёфт. Дар навбати авввал тармае, ки ҳаҷми он 2 миллион метри мукаабро ташкил медод, бояд бартараф мешуд. Чунки  роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз ҳамин нуқта мегузарад. Ба ситод воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ  шомил буданд. Корҳои бартарафсозӣ бегоҳии рӯзи 19 феврал оғоз ёфт. Рӯзи 24 -уми феврал мо роҳро ҳамагӣ як хат, бо паҳнои 6 метр ва дарозии зиёда аз 460 метр кушодем. Ҳаҷми умумии барфе, ки мо аз роҳ ба канори дигар, ба дарёи Варзоб  партофтем, зиёда аз 1 миллиону  900 метри мукаабро ташкил медиҳад.  Вазир зиёда аз 14 техникаи калонҳаҷмро барои рафъи тармаҳои фаромада дастрас кард. Ҳамчунин, барои кормандон 4 вақт хӯроки гарм, ҷойи хоб ва ҳавасмандкунии молиявиро таъмин намуд.

-Чанд мошин дар муҳосира монда буд?

-Аз тарафи Айнӣ, дар километри 100-ум наздики 1000 мошини сабукрав ва боркаш қарор дошт. Вақте ки роҳро кушодем, аз минтақаи Суғд ба самти Душанбе ҳамаи ин мошинҳо гузашта рафтанд.

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон:

-Ду ҳафта мешавад, ки мо дар ҳамин ҷо қарор дорем. Бевосита вазири корҳои дохилӣ ин ҷо омада, ситод ташкил кард. Кор якбора ҷӯшухурӯш пайдо кард.  Аввал се рӯз дар километри  68-уми роҳ якҷоя бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳо рафта, кор кардем. Вазъият хеле вазнин буд. Мо асосан аз қӯшунҳои корҳои дохилӣ афсаронро барои рафъи тарма овардем.

Нозим Иброҳимзода, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ:

-Ҳаҷми коре, ки бояд анҷом меёфт, ниҳоят зиёд буд. Аз рӯйи гуфтаи мардуми маҳаллии Варзоб дар ҳамин ҷо соли 1999 ҳамин гуна тарма фаромада будааст. Аммо он нисбатан хурд буда, давоми 17 шабонарӯз бартараф карда шудааст. Аммо ин дафъа ҳаҷми он хеле бузург буд ва дар 4 шабонарӯз бартараф гардид. Дар шабе, ки роҳ кушода шуд, давоми 2 соат 460 мошини боркаш ба тарафи Душанбе гузашт. Мо дар ин кор 63 адад техникаи калонҳаҷмро сафарбар кардем.

Хуршед Муҳаммадзода, сардори воҳиди таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ:

-Тарма  аз баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр бо суръати баланд фаромадааст. Шояд аз ин ҳам зиёдтар бошад. Ин минтақа наздики дараи Сиёма аст. Кӯҳҳои ин ҷо то 5100 метр баландӣ доранд. Бинобар ин, дараи хатарнок аст.

Дар  ин ҷо намояндагони Вазорати нақлиёт, Ширкати IRS, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро мебинем. Чӣ зарурият ба омадани шумо ҳаст?

-Яке аз вазифаҳои асосии Вазорати корҳои дохилӣ ин пешгирӣ, таъмини бехатарии  мардум аст. Ин вазифаи ҷамъиятӣ  аст.  Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳаёти мардуме, ки дар ҳамин минтақа зери тармаҳо монда буданд, вазифаи ҳар сохтори давлатӣ аст. Он дам лаҳзае буд, ки вақти кори ману кори ту гуфтан набуд. Мо бояд як мушти воҳид бошем ва ҳар хатаре, ки сари давлатамон меояд, бартараф созем.

Аз нақли Махкамбой Ашӯров, муҳандиси ширкати IRS:

-Чанд рӯз аст, ки шумо ин ҷо кор мекунед?

-10 рӯз.

-Аз ширкати шумо чанд нафаранд?

-Ман мутасаддии қитъаи 48- ум ҳастам. 2 экскаватор ва ду булдозер ва 8 коргар кор мекунанд.

-То ин дам роҳ пурра махкам буд?

-Не, тамоман маҳкам набуд. Рӯзе пеш якҷоя бо ситоди таъсисдодаи Вазорати корҳои дохилӣ роҳро кушодем. Ҳоло васеъ намудани роҳ аз тарма идома дорад.

Самади Салим , сардори  муассисаи нигоҳдории роҳҳои Варзоб:

-Вазифаи шумо аз чӣ иборат аст?

-Раёсати мо зерсохтори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аст. Мо ин ҷо ёрдам омадем.

-Техника аз шумост?

-Не, аз вазоратҳои нақлиёт,корҳои дохилӣ, ширкати IRS.

— Таъминот бо хӯрока аз ҷониби кӣ сурат мегирад?

-Мо дар ҳамин ҷо хӯрок мехӯрем. Аз ошхонае, ки Вазорати корҳои дохилӣ ташкил намудааст.

-Чанд сол аст, ки шумо сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳои Варзоб ҳастед?

-Ман нав омадам. Пештар сардори муассисаи нигоҳдории роҳҳои шаҳри Қурғонтеппа будам.

Аз суҳбат бо полковник Собиров, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

Чад нафар намояндаҳои кумита дар ин минтақа фаъолият доранд?

— Аз кумитаи мо 4 нафар ба таври навбатдорӣ вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо хадамоти мудофиаи гражданӣ фаъолият бурда истодаанд.

-Онҳо чӣ кор мекунанд?

-Ягон ҳолат шуд, тавассути алоқа ба роҳбарият мебароем.Ҳамон таҷҳизоте, ки ҳаст, ба ҷойи ҳодиса сафарбар менамоем.

-Таҷҳизоти шумо аз чӣ иборат аст?

-Техника аст.

-Чӣ техника?

-Техникаи оборудований. Ҳамаи шароит дар даруни мошин ҳаст.

-Мошин чӣ кор мекунад?

-Мутахассисон ҳастанд, онҳо мефаҳманд.

-Шумо дар кадом самт мутахассис ҳастед?

-Мутахассис дар самти вазорату идораҳо.

Яъне?

-Корҳои самти мудофиаи гражданӣ, ҳолати фавқулода.

-Ихтисосатон?

-Агроном.

Савзаалӣ Назирзода, раиси ноҳияи Варзоб:

— Ҳодисаи тармафороӣ чӣ гуна сар зад?

-Ин  тармафароӣ дар  40 соли охир бори аввал аст. Баландии тарма қариб 60 метр дар километри 48 –ум. Аз Майхӯра боло, тақрибан 2,5 километр боз тармаҳои хурдтар фаромада буд. Гурӯҳи корӣ ва ситод ташкил шуд. Бо ҳамроҳии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини ӯ Абдулло Навҷувонов ба самти роҳи Суғд якҷоя рафтем.  Кор дар се самт ҷоннок карда шуд. Як гурӯҳи корӣ дар 65-ум километр кор мекард. Асосан тарфамароӣ аз таърихи 18-ум сар зада буд.

-Кадом сохторҳо дар тоза кардани тарма саҳм доштанд?

— Вазорати корҳои дохилӣ, нақлиёт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ,   Ширкати IRS, умуман ҳама сохторҳо буданд. Муовини сарвазир ҳам иштирок дошт. Дар як муддати лозимӣ роҳро ба самти Душанбе тоза карда, кушодем.

-Хаймаву ошхонаҳое, ки сари  роҳ ташкил шудааст, аз кист?

-Вазорати корҳои дохилӣ.

-Умуман, дар ҳамин сол чанд нафар зери тарма монд?

-Ҳамагӣ 18 нафар. Инро ман ҳамроҳи соҳибони мурдаҳо суҳбат  ва рӯйхат карда, гирифтам. Аз ин 4 нафар зери тармаанд.

Олимон гуфтанд, мо чӣ мегӯем?

Барои сохтани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз буҷаи давлат 395,9 млн. доллар, аз ҷумла 167 млн. барои роҳ, 78 млн. нақб, 31.2 млн. барои долонҳо ҷудо шуда буд. Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар 7 км мавзеи хатарноки тармафаро мавҷуд аст. Аммо ҳамагӣ дар 3.5 км долонҳо сохтанду боқиро таваккал ба Худо карданд. Долонҳои аз тарафи роҳсозони Чин сохташуда низ аз камбудӣ холӣ нестанд: пушти долонҳоро аз ҷониби кӯҳ бо сангу шағал пур накарданд. Ин холигоҳро тармаи аввалфаромада пур мекунад, тармаи баъдомада роҳи худро тағйир медиҳад ва даҳони долонҳоро мепӯшад. Пас роҳи наҷот аз тарма кадом аст? Мутахассисон бо як овоз мегӯянд: ба хотири наҷоти мардум дар минтақаҳои хатарзо бунёд кардани долонҳо. Тавре ки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим изҳор намуд: «Хароҷоти ҳарсолаи моддию техникӣ, барфрӯбию тозакунии роҳ, талафоти ҷонии одамон, боло рафтани нархи маводи ниёзи мардум дар бозорҳо, бар асари сардию асабоният аз даст рафтани саломатии мардум ҳазорон бор қиматтар аст аз пулу маводе, ки барои бунёд кардани чунин иншоот харҷ мегардад» .

Шариф Ҳамдампур,

Усмон Раҳимзода,

Суратгир:Дидор Саъдуллоев 

Бознашр аз “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *