Оши яктоннагии “Душанбе”-ро кӣ хӯрд?

10 ноябр дар фестивали  оши палав дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе 7 ошпази тоҷик дар як деги калон як тонна ош пухтанд.

Ин оши палави барои Тоҷикистон рекордиро ба шарафи пойтахт «Душанбе» ном карданд. Барои пухтани ин ош 250 кило биринҷи «Лазер»-и Регар, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 кило равған, 30 кило приёз, як кило зира, як кило мурч, 5 кило мавиз, як кило зирк   истифода шудааст.

Ошпазҳо  ҳанӯз ними шаб таҳти роҳбарии устоди ошпазон Собирҷон Муҳаммадҷонов барои пухтани як тонна ош дар як деги махсуси яктоннагӣ ба Боғи Фирдавсӣ ҳозир шуда, онро то соати 10 пухтанд ва ба ҳамаи онҳое.ки ба ин ҷо омада буданд, тақсим карданд . Чунин ҷашнвораи пуршукӯҳи оши палав бори аввал дар Душанбе баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *