Ошкоркунии ҳодисаи роҳзанӣ ва куштор дар Файзобод
Зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар нохияи Файзобод марди 39-солаи хамин нохия ки пештар бо моддаи 385 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва куштор дастгир карда шуд.
Тибки иттилои дастрасгардида, номбурда, 24-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:40-дақиқа, дар заминҳои деҳаи Ситораи ноҳияи Файзобод бо ҳамроҳии зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур, як зарфи пур аз машруботро менӯшанду, занро хоб мебарад.
Гумонбаршаванда аз хоб будани ҷабрдида истифода бурда, ҳамёни ӯро кушода, маблағҳои пулиро дида, дасту пояшро бо селофани полиэтеленӣ бастааст. Сипас, селофани дигарро ба сараш кашида, ҳамзамон бо дастонаш гулӯяшро бӯғӣ карда, қасдан ӯро аз ҳаёт маҳрум месозад.
Баъдан, ҷасади марҳумро ба дохили ғор партофта, маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии уро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2, банди “и” ва 249 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот холо идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ