«Ҳосилот»-ро дар Ҷоми КФО роҳи душвор интизор аст
Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО — AFK) зимни ҷаласаи ба наздикӣ дар Абу-Даби доиркардааш шакли нави баргузорнамоии Ҷоми КФО-ро, ки аз мусобиқаҳои бонуфузтарин дар Осиё маҳсуб меёбад, тасдиқ кард.
Сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Ҷоми КФО аз соли дигар дар панҷ минтақа баргузор карда мешавад. Минтақаи ғарб, ки солҳои охир дар мусобиқаи Ҷоми КФО пешсаф аст, бетағйир монда, ғолиб ҳуқуқи иштирок кардан дар марҳилаи финалиро дорад. Барои роҳхати дуюм ба финал дастаҳои чор минтақаи дигар – Шарқӣ, АСЕАН, Марказӣ ва Ҷанубӣ талош меварзанд.
Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 ва ноиби чемпиони кишвар «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳилаи плей-офф ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.
«Ҳосилот» барои ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтан бояд ду даврро пушти сар намояд. Дар ду вохӯрии аввал «Ҳосилот»-и Фархор бо чемпиони Афғонистон рӯ ба рӯ шуда, ду вохӯрии дигарро бо ғолиби дастаҳои «Балкан» (Туркманистон) — «Дордой» (Қирғизистон) ҳам дар хонаю ҳам дар меҳмонӣ доир менамояд. Агар «Ҳосилот» ин марҳилаҳоро бо пирӯзӣ анҷом диҳад, он дар баробари дастаҳои Осиёи Марказӣ «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Алтын Асыру» (Туркманистон) ва «Алай» (Қирғизистон) барои роҳхат ба минтақаи Ғарбии Ҷоми КФО мубориза мебарад. Фақат ғолиби минтақаи мазкур ба марҳилаи чорякфиналии Ҷоми КФО-2017 роҳ дода мешавад.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ