Осиёи Марказӣ: Аз Русия ва Чин ҷои гурез нест!
Масъалаи иттиҳоди давлатҳои собиқ шӯравӣ дар доираи Иттиҳоди АвруОсиё рӯз ба рӯз муҳим мегардад. Кишварҳои Ғарб ба ин чӣ гуна менигаранд? Фардои ин иттиҳод чӣ гуна хоҳад буд? Чаро Варшава маркази баррасии масоили марбут ба Осиёи Марказӣ қарор гирифт? Шариф Ҳамдампур пиромуни ин ва масоили дигари марбут ба Осиёи Марказӣ суҳбате дошт бо сиёсатшиноси Полша, профессор Шимон Кардаш, ки пешкаши хонандагони “Тоҷикистон” мегардад.
-Шумо дар 11- умин Анҷумани “Фардо”, ки дар Олмон баргузор гашт, иброз доштед, Иттиҳоди АвруОсиё иқтисодӣ нест, сиёсист ва ҳадаф аз он таҳти мудирият қарор додани аъзои он аст. Барои исботи ин гуфта чӣ далел доред?
-Нахуст, мебояд ин тарҳи ҳамгироиро ҳамчун ташаббуси Русия баррасӣ кард. Талошҳо барои ҳамгироӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ зиёд буданд. Бо такя ба ин таҷоруб метавон хулоса кард, ки дар қадами аввал аз ин иқдом ҳифзи таъсири Русия ба ин кишварҳост. Ҳарчанд далелҳои иқтисодӣ ироа мешаванд. Дигар, ба иллати вуҷуди мухолифатҳои зиёд миёни кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё ин ниҳодро наметавон иттиҳоди иқтисодӣ номид. Ҳатто миёни кишварҳое, ки ҳамкориҳои наздик доранд. Байни Русия ва Қазоқистон, байни Русия ва Беларус, бахусус, бо Беларус дар ҳамкорӣ дар бахши энергетика ихтилофи назар зиёд аст. Натиҷагирӣ ба чунин хулоса меорад, ки институтҳои ин ниҳод ҳанӯз такмилноёфта ҳастанд. Ҳол он ки ҳадаф аз Иттиҳоди АвруОсиё бунёди сохторе чун Иттиҳоди Аврупо буд. Аммо шоҳиди онем, ки на институтҳо ва на қонунҳо ба мисли Иттиҳоди Аврупо фаъолият намекунанд.
-Решаи ихтилоф миёни аъзои ин Иттиҳодро дар чӣ мебинед?
-Аввал, ин ниҳод тавре созмон ёфтааст, ки дар он Русия нақши пешбаранда дорад. Дар ҳолате, ки як кишвари бузург қонунӣ нақши пешбарандаро соҳиб аст, ҳеҷ ниҳоди ҳамгиро ба таври муассир фаъолият карда наметавонад. Ба созишномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ кунед. Дар он нақши асосии Русия таъкид шудааст. Бозигарони дигар аз лиҳози имконоти сиёсӣ бо Русия баробар шуда наметавонанд. Ба назари ман, дар чунин шароит рушди ҳамкориҳои баробари иқтисодӣ имконпазир нест.
Албатта, дар ИА низ тафовут вуҷуд дорад, аммо тибқи созишнома ин система ба таври комилан дигар бунёд шудааст. Дар он барои ҳеҷ кишваре нақши пешбаранда пешбинӣ нашудааст. Аммо дар Иттиҳоди АвруОсиё кишварҳои узв ба ҳамкориҳои зичи сиёсӣ бо Русия омода нестанд. Як кишвари бузург, ки манфиатҳои худро дорад, рӯирост фазои пасошӯравиро минтақаи манфиатҳои худ эълон мекунад. Инро бо манфиатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё созгор кардан душвор аст.
-Арзиши Иттиҳоди АвруОсиёро дар чӣ мебинед?
-Азбаски ин ташаббуси сиёсати хориҷии Русия аст, пас аз назари Русия ин барои ҳифзи таъсири сиёсию иқтисодӣ болои кишварҳои муайян муҳим арзёбӣ мешавад. Аммо ин то чӣ андоза барои манфиатҳои кишварҳои дигари узви Иттиҳод созгор буданаш суол зиёд аст. Масалан, Беларус узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва иштирокчии тарҳи дуҷониба бо Русия мебошад. Ин кишвар ҳамеша ҳамкориҳои то ҳадде баробарро бо Русия тақозо мекунад. Зеро дар санадҳои ИИАО таъсиси бозори воҳиди энергетика таъкид шудааст. Яъне, қимати газ ва нефт дар доираи Иттиҳод бояд яксон бошад. Ин ҳадафест, ки кишварҳои узви Иттиҳод то соли 2025 расидан мехоҳанд.
Агар ба рушди охири равобити Русия ва Беларус назар андозем, масъалаи нархи захоири энергетикӣ ҳамеша мавриди баррасӣ аст. Беларус барои поин бурдани нарх тақозо дорад. Русия гӯё омодааст қиматро поин барад, аммо то андозае не, ки Минск мехоҳад. Нархҳо соли гузашта барои ду сол муайян шуданд, аммо соли оянда боз ин мушкил пеш хоҳад омад. Яъне, Беларус бояд барои гази Русия чӣ миқдор маблағ пардохт кунад. Дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши нефт бошад, Беларус бо Русия ихтилофи назари бештар дорад. Ин ихтилофот ба андоз, поин бурдани боҷи гумрукӣ ва андози ба истилоҳ НДПИ (андоз барои тавлиди канданиҳои фоиданок) рабт мегирад, ки ба арзиши нефт дар бозори Беларус таъсиргузор аст. Агар масоили мушаххасро ба эътибор гирем, ба муассир будани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамчун иттиҳодияи иқтисодӣ шубҳа пайдо мешавад.
-Дурнамои ин Иттиҳодро дар чӣ мебинед?
-Ростӣ, ман хушбин нестам. Ба васеъ шудани ИИАО шубҳа зиёд аст. Русия ба тавсеаи Иттиҳод, бахусус, пайвастани Украина ба он манфиатдор буд. Пас аз соли 2014 ин амр номумкин шуд. Барои ҷалби кишварҳои дигаре чун Озарбойҷон гуфтугӯҳо зиёд буданд. Аммо Озарбойҷон ба рушди равобит ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Русия алоқаманд аст, на ба зичии ҳамкориҳо бо онҳо. Аз ин лиҳоз, ба созишномаҳои мушаххас оид ба иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҳамроҳ нашудааст. Дар масъалаи Осиё низ маълум нест, ки то чӣ андоза ин Иттиҳод васеъ мешавад. Аз ин сабаб, ба васеъ шудани Иттиҳод хушбин нестам. Аз сӯи дигар, тибқи қарордоди мавҷуда ба фаъол шудани бозори ягона дар бахшҳои мухталиф шубҳаҳо зиёданд. Энергетика аз бахшҳои аслӣ маҳсуб мешавад. Дар бахши газу нефт саволҳо ҷой доранд. Мумкин аст дар самти электроэнергия мушкил камтар бошад, аммо дар бахшҳои газу нефт мушкилот ҳаст ва хоҳад буд. Ба ин далел ман ба фаъолияти муассири ИИАО хушбин нестам. Аз ҷониби дигар, мавзӯи узвияти бархе кишварҳо ба Созмони умумии ҷаҳонии савдо дар миён аст. Музокираи Беларус бо ин созмон идома дорад. Ба андешаи банда, ин ҳам ба равобит таъсиргузор аст. Русия аз ташаббускорони ин иттиҳодия аст, вале ҳоло иқтисоди ин кишвар вориди марҳалаи рукуд гаштааст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё Русия имкони расондани кумакҳои иқтисодию молӣ ба кишварҳои узви ИИАО-ро дорад? То чӣ ҳад дар оянда ба Беларус кумакҳои молӣ ироа мешавад, то чӣ ҳад бо Қазоқистон ва кишварҳои дигар ҳамкориҳои мутақобилан судманди бештар анҷом мегирад.
Фардои Русия марбути вазъи иқтисодию сиёсист. Ба андозаи наздик омадани соли 2024, мушкилот ҳам зиёд хоҳад шуд.Тибқи Конститутсияи Русия ин муддати охирини президентии Владимир Путин аст.
-Ахиран Варшава ба майдони баррасии масоили сиёсӣ, бахусус, масоили марбут ба Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ мубаддал шудааст. Далелаш чӣ аст: таҷрибаи калон дар ҳалли баҳсу ихтилофҳои назари гуногун?
-Ин ҷо шарҳ мехоҳад. Мо ҳамчун маркази давлатӣ муқаррароте дорем, ки сиёсати Полша-Русияро шарҳ намедиҳем. Ба ин далел ман аз шарҳ худдорӣ мекунам. Мо маркази давлатӣ ҳастем, ҳадафи мо назорати ҳаводис аст, ки дар манотиқи мухталифи ҷаҳон рух медиҳад.
-Ба унвони шореҳи сиёсӣ шумо ҳаққи ибрози назар дар бораи ин ё он масоилро надоред?
-Чунин қоидае ҳаст, ки тибқи он мо сиёсати Полшаро расман шарҳ намедиҳем.
-Шумо ба Тоҷикистон сафар доштед, ҳадафи дидор чӣ буд?
-Мо ба манзури баргузории давраҳои омӯзишӣ барои мансабдорони идораҳои Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кардем. Семинару давраҳои омӯзишӣ дар мавриди ҳудуд, масоили сарҳад, об ва истифодаи қаъри замин бар асоси муқаррароти байналмилалӣ буданд. Вазифаи мо ташреҳи роҳҳои ҳалли ин масоил дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Сипас, дар атрофи масоили баҳсноки дастрасӣ ба захираи об ва энергетика дар Осиёи Марказӣ мубоҳисот сурат гирифт.
-Хулосаи ин баҳсҳо чӣ буд?
-Нахуст, ин чорабинӣ чанд сол қабл, дар соли 2011 баргузор шуда буд. Он солҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили истифода аз захираи об, қаър бо ҳам ихтилофҳои назари ҷиддӣ доштанд. Бинобар ин, муҳим буд, ки ин масоил аз тариқи қонунҳои байналмилалӣ ва аз роҳҳои сулҳомез чӣ гуна ҳал кардан мумкин аст.
-Ба назари шумо, масоили мавҷуда ба муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯ буданд?
-Албатта, ҳуқуқи байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои сиёсӣ ё кишварҳои вориди баҳс ба таври мухталиф ташреҳ мешавад. Вазифаи мо пешниҳоди назари бетараф ба ҳуқуқи байналмилалӣ буд ва сипас, талош барои ёфтани созгории онҳо бо манофеи пешниҳодӣ ва пайдо кардани роҳҳои ҳал буд.
-Даъват аз ҷониби кӣ буд?
-Тарҳ муштаракан аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Амрико дар Душанбе ва Бунёди Ҳелсинкии Полша таҳия шуда буд.
-Хеле мехостам хулосаатонро дар он замон бидонам.
-Хулосаи он замон чандон хушбинкунанда набуд. Баъдан, раванд хуб идома ёфт, аммо он замон чунин ба назар мерасид, ки ихтилофи назарҳои сиёсӣ миёни аз як тараф Тоҷикистону Қирғизистон ва аз тарафи дигар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон шадид, пайдо кардани роҳҳои ҳалли он душвор буд. Тасаввур мерафт, ки дар чунин вазъ гуфтугӯи объективӣ ва самаранок душвор аст. Ҷонибҳо дар мавқеи худ устувор буданд. Аз як тараф, кишварҳои хостори бунёди неругоҳи барқи обӣ ва аз ҷониби дигар, мухолифони сарсахти ин иқдом. Роҳандозии гуфтугӯи созанда хеле душвор ба назар мерасид.
-Яъне, хулосаҳои шумо ҳуқуқӣ нею сиёсӣ буданд?
-Не, бо назардошт ва дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ гирди миз нишаста, механизми ҳал, танзими сулҳомези баҳсҳо ва ёфтани роҳи ҳалли мушкилот лозим буд. Дарвоқеъ, вақте мубоҳисот хотима ёфтанд, дарк кардем, ки истифодаи ин усул хеле душвор хоҳад буд. Зеро тарафҳо дар мавқеи сиёсии худ ба андозае устувор буданд, ки ба натиҷаи истифодаи ин усулҳо хушбин набудем.
— Шумо ҳамчун сиёсатшинос аз вазъи сарзамини мо хуб огоҳед. Осебпазирии кишварҳои Осиёи Марказиро дар чӣ мебинед?
-Вижагӣ дар ду омил-мероси шӯравӣ ва пасошӯравӣ ҳастанд, ки ба равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои ОМ таъсир гузоштаанд. Агар назар кунед, ки ҳувияти кишварҳои ОМ чӣ гуна ташаккул ёфтааст ва пайвандӣ ба он чӣ, ки чанд садсола қабл дар ин сарзамин чӣ гузашта буд, баръало пайдо мешавад. Дида мешавад, ин кишварҳо ҳувияти худро бидуни сарфи назар кардан аз мероси пасошӯравӣ сохтан мехоҳанд. Ҳангоми сафар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ин чизро сахт эҳсос кардам.
— Мехостам мушаххастар дар бораи осебпазирии кишварҳои Осиёи Марказӣ назаратонро баён кунед.
-Ба андешаи ман, ин мавқеи геополитикӣ-аз як тараф Русия, аз тарафи дигар Чин ва аз тарафи сеюм Афғонистон аст. Хуб дарк мекунам, хеле сахт аст аз як тараф тарҳи чинии рушди геополитикии “Як камарбанд-як роҳ”-ро ба эътибор бояд гирифт. Ҳадафи ин тарҳ воқеан ба кишварҳое, ки ҳамкориҳои зич дорад, таъсири иқтисодӣ расондан аст, ҳарчанд дар оянда таъсири сиёсиашро сарфи назар набояд кард. Аз тарафи дигар, мавқеи Русияро, ба ҳифзи таъсираш дар кишварҳои ОМ манфиатдор аст. Чунин ба назар мерасад, феълан таъодул риоят мешавад, ҳарчанд мефаҳмам, ки дар умум барои ҳамаи кишварҳои минтақа чолиши бузург маҳсуб мешавад. Бахусус, барои Қазоқистон, ки бевосита бо Русия ва Чин ҳаммарз аст.
-Дар чунин вазъият чӣ бояд кард?
— Агар ба таҷрибаи Қазоқистон назар андозем, ин кишвар тавонистааст, равобити хубро ҳам бо Русия, ҳам бо Чин ва ҳам бо кишварҳои ғарбӣ ҳифз кардааст. Ин амали (рӯйкард) мақомоти Қазоқистон намоишгари он аст, ки ҳам бо ҳамсоягон ва ҳам бо дигарон равобити хуб доштан мумкин аст. Ҳарчанд ин ҳолат дар сиёсати хориҷӣ маҳдудиятҳо эҷод мекунад. Зеро манфиатҳои гоҳ як абарқудрат ва гоҳе абарқудрати дигарро ба эътибор гирифтан лозим меояд. Бубинем, пас аз поёни марҳилаи гузариш вазъият чӣ гуна хоҳад шуд. Дар Қазоқистон президент нав шуд, аммо равшан аст, ки ҳанӯз ҳам дар ин кишвар таъсири сиёсии Назарбоев побарҷост. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки вақте марҳилаи гузариш поён ёфта ва равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои дигар тағйир меёбанд, сиёсати хориҷии Қазоқистон чӣ гуна хоҳад шуд, равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои дигар чӣ гуна мегузарад.
-Яъне, миёни ду дарё тахтабандему боз мехоҳем доман тар накунем.
-Мавқеи ҷуғрофӣ ҳаминро тақозо мекунад. Ин кишварҳо аз Русия ва Чин ҷои гурез надоранд.
— Оё арзише вуҷуд дорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро муттаҳид созад?
-Ба назари ман, ин арзиш субот аст.
-Мегӯянд арзишҳои насронӣ Русияро бо Аврупо муттаҳид месозад. Шояд ислом дар минтақа ин нақшро иҷро кунад?
-Фикр мекунам, ислом то андозае ин нақшро ифода мекунад. Ислом дар ин кишварҳо дини аслӣ маҳсуб мешавад. Суоли матраҳ ин аст, ки кадом шакли ислом дар минтақа ҳузур дорад. Ба андешаи ман, касе арзиши исломиро рад намекунад, то замоне ки он аз доираи исломи муътадил хориҷ нашавад. Аммо ҷараёнҳои тундрави ислом ба ҳеҷ ваҷҳ нақши муттаҳидкунанда надоранд, балки барои сиёсатҳои дохилии Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ арзёбӣ мешаванд. Ба ҳар сурат, ҷараёнҳои тундрав ҳамчун таҳдиди умумӣ ва исломи муътадил ҳамчун нишонаи ҳувият метавонанд дар минтақа нақши муттаҳидсозиро иҷро кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ