Юлдуз Усмонова дар Рӯзи Хуҷанд тарона мехонад

Шоми имрӯз, 25 сентябр Юлдуз Усмонова, Нозияи Кароматулло ва чанд саъаткори дигари маъруфи Тоҷикистону Ӯзбекистон  дар шаҳри  Хуҷанд консерти бошукуҳ  баргузор мекунанд.

Мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои ҷашнгирии Рӯзи шаҳр, ба ҳисоби маъруфтарин овозхонҳои кишвар, Нозияи Кароматулло, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов, Юлдуз Усмонова, сарояндаи номвари кишвари Ӯзбакистонро даъват кардааст.

Ин овозхонҳо дар майдони кушод, барои сокинон Суғд суруду тарона месароянд.

Маъмур Юсуфов, сардори дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд  гуфт, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд, 25-уми сентябр, соати 18:00 дар майдони саҳни театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ баргузор мешавад.

“Бо ин мақсад аз тарафи раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур саҳмгузор бошанд”, — гуфт Юсуфов.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар замони баргузории ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд, чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда мешавад.

Унвони “Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд” ва туҳфаҳои шаҳрдории Хуҷанд ба навзодони дар ин сана таваллудшуда тақдим карда мешавад.

Бори  панҷум мешаавад, ки  рӯзи шаҳри Хуҷанд дар санаи 25-уми сентябр таҷлил карда мешавад. Шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, наздики 183 ҳазор сокин дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *