Осорхона ва пайкараи Муъмин Қаноат дар Дарвоз (аксҳо + аудио)
7 ноябр бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
“Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо харҷи 4 миллион сомонӣ, барои арҷгузорӣ ба шахсияти устод Муъмин Қаноат бунёд гардидаст” – хабар медиҳад, МИҲД ноҳияи Дарвоз.
Пайкараи шоир дар баландии 4 метр ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳоисаноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст.
Дар осорхона асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод Муъмин Қаноат нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд.
“Зимни боздид аз осорхона Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сохтмони он баҳои баланд дода, онро намунаи олии сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард.Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода чун нишони эҳтиром дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт” – хабар медиҳад, манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Муъмин Қаноат яке аз шоирони бузурги тоҷик буда дар рушди адабиёти муосир нақши муҳим бозидаааст. Номбурда аз солҳои 60-ум ба майдони адабиёти Шӯравӣ ворид шуда, бо асарҳои мондагораш аз қабили “Суруши Сталинград”, “Гавҳораи Сино”, “Китобҳои захмин”, “Мавҷҳои Днепр” ва “Масъуднома” шуҳратёр гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ