“Асфалтбизнес”-и Ташриф Халилов. Воқеият ё ҳаҷви холӣ?

Ташриф Халилов бо ду узви пешини гуруҳи овозадори “Ғарибшо” дар ютубканали худ саҳнаи нави ҳаҷвие бо номи “Асфалтбизнес” нашр кард, ки бозгӯи амалҳои номатлуби баъзе ширкатҳои роҳсозӣ аст.

Дар аввали саҳна Ташриф ва мусоҳибаш бо матлабе, ки дар тендер 15 километр роҳро барои асфалтпӯш кардан ба даст овардаанд, назди роҳсозе меоянд ва аз ӯ сабаби муваффақ шуданашро мепурсанд. Ӯ мегӯяд, ки сирри муваффақияташ борик кардани роҳ аст. Маслиҳат медиҳад, ки роҳро аз ду тараф 1,5-сантиметрӣ борик кунанд ва соҳиби ҳама чиз мешаванд. Аз миён чанд моҳ мегузарад ва роҳсозе, ки маслиҳат дода буд, ба хонаи Ташриф меояду мебинад, ки дороии ӯ аз тахмини кардааш чандин маротиба зиёд шудааст. Вакте сабаб мепурсад, Ташриф ӯро ба роҳи хокиву вайронае бурда, ҷавоб медиҳад:

— Ҳамин роҳро дидед? Ин бояд асфалт мешуд, вале нашуд.

Албатта, ин ҳаҷв аст, вале дар худ аз фиребу найранги калон мегӯяд ва инро касоне дарк мекунанд, ки аз ҳолати мазкур бохабаранд.

Дар асл, ҳадафи ҳаҷвнигор камбудиҳоро бо ҷомаи ханда ба мардум расонидан аст ва метавон гуфт, ки Ташриф Халилов ва гуруҳи кориаш аз уҳдаи вазифаи худ баромадаанд. Аз ҷониби дигар, мардуми мо ташнаи чунин ҳаҷви мантиқӣ ҳастанд ва намояндагони ин соҳаро мебояд чунин саҳнаҳоро зиёд кунанд, зеро агар талабот намебуд, дар ду шабонарӯз саҳнаи мазкур зиёда аз 300 ҳазор тамошобин пайдо намекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *