Осорхонаи меъмории тоҷикон. Чӣ зарурат барои таъсиси он пеш омадааст?

Бори чорум ё панҷум аст, ки дар ВАО оид ба зарурати таъсиси Осорхонаи меъмории тоҷикон менависам. Бори аввал 35 сол қабл навишта будам, вақте ки дар як сафар ба пойтахти Гурҷистон аз чунин осорхонаи онон дидан кардам.

Гурҷиҳо аз ҳама минтақаи кишварашон хонаҳои истиқоматии қадимаи худро харида, ба як теппаи нообод кӯчонида, барои тамошои сайёҳони хориҷӣ омода кардаанд. Ҳамраҳам доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов буданд ва яке аз хонаҳоро дида, гуфтанд, ки “о, ин хонаи помирӣ аст! Чӣ тавр ба ин ҷо афтодааст?”.

Яъне то он вақте ки мо намунаҳои деринаи меъмории халқӣ ва классикии худро дар як ҷо ҷамъ оварда, музей насозем, онҳоро ба рӯйхати ЮНЕСКО надарорем, дигарон куллан азони худ мекунанд. Ман худ шоҳидам, ки дар Осиёи Миёна аз замонҳои бостон истилоҳоти меъморӣ, номи ҳама асбобҳои хонасозӣ, кандакорӣ, наҷҷорӣ, гачкорӣ, наққошӣ тоҷикӣ буд. Сипас, дар замони шӯравӣ онҳое, ки ба забонҳои ғайритоҷикӣ китобҳои дарсӣ менавиштанд, шуруъ карданд ба тарҷумаи ин истилоҳот аз тоҷикӣ ба забонҳои худ. Масалан яке аз кордҳои гачкорӣ шутургардан ном дорад, ҳоло туябӯйӣ мегӯянд. Агар вазъ ҳамин тавр боқӣ бимонад ва мо барои сабти номи дастовардҳои тоҷикон дар таърихи меъмории миллӣ амалан талоше накунем, рӯзе аз ин мерос тамоман маҳрум гардидан дар пешорӯямон аст.

Медонам, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои зинда кардани меъмории миллӣ дар биноҳои асосии Душанбе бисёр кӯшиш кардаанд. Акнун вақти он расидааст, ки решаҳои амиқи ин меъмории миллиро дар мисоли меъмории халқӣ исбот кунем.

Асарҳои меъмории халқии Гурҷистон аз хонаҳои холӣ иборат буд. Дар замони муосир дар Ғарб дар чунин хонаҳо ҷой додани сокинон, ки сайёҳон низ дар он ҷо зиндагӣ карда, аз зиндагии мардуми бумӣ тасаввурот ҳосил мекунанд, расм гардидааст.

Баъди дар амал тадбиқ намудани ин пешниҳод метавон ба ЮНЕСКО дар мавриди ба рӯйхати мероси мадании ҷаҳон дохил кардани меъмории халқии тоҷикон муроҷиат кард.

Дар ин бора баъди чандин бор навиштан ба чунин хулоса омадам, ки мансабдорони масъул барои иҷрои ин кор, аз мавҷудияти ин проблема ба президент ҳарфе нагуфтаанд. Ин бор низ бовар надорам, ки ин ҳарфҳо ба гӯши роҳбари давлат бирасад.

Адаш ИСТАД, нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *