Оташ задани хона, боздошти дуздхонуми зирак ва боқӣ хабарҳои ВКД

                           Боздошти нозири андоз барои гирифтани пора

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, нозири андози шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 20-уми октябри соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар худуди бозори марказии ш.Турсунзода аз марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода 1000-сомониро ҳамчун пора талаб намуда, гирифтааст.
Аз номбурда, 1000-сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

                           Оташ задани хона бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 25-солаи сокини деҳаи Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 18:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз дохили сандуқ 11 ҳазору 400-сомониро тасарруф намуда, барои пинҳон намудани изи ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 24-солаи сокини деҳаи Зиракӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

                         Ҳалокати як кӯдак ва ду мард дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ

Рӯзи 23-юми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исмоилов Пардабой Бобомуродович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Гулафшон ба самти ноҳияи мазкур, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистон аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Икромов Қиёмиддин Асҳобович, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Розиён, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и якум Исмоилов П.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, мусофири дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и дуюм буда, хурдсол, Абдулҳақов Аюбҷон Аҳлидинович, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Розиён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми октябри соли 2018, тахминан соати 03:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Ибодов Анвар, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Нуробод ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуқури 65-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофири автомашинаи мазкур Табаров Файзулло, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Пистамазори шаҳри Роғун ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари он Каримова Зулфия Амирбековна, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

                              Дастгир гардидани ронандаи фирорӣ

Сани 23-юми октябри соли 2018, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Шакаева Мария Александровна, соли таваллудаш 1940, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Шакаева М.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гармогармӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Приора» Ҳомидов Хуршед Худододагиевич, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи А.Ғуломови пойтахт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *