Қотили эҳтимолии муҳоҷири тоҷик дар Сургут аз душанбе дастгир шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори як сокини ноҳияи Спитамен дар шаҳри Сургути Русия як ҷавони 22-соларо дастгир намудааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, боздошти ин ҷавон дар пайи шикояти падари мақтул— сокини 57-солаи шащри Бӯстони ноҳияи Спитамен сурат гирифтааст. Ин мард дар аризаи шикоятии худ навиштааст, шахсони номаълум писари 30-солаашро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Сургути Русия қарор дошт, латту кӯб намуда, ба ҳалокат расондаанд. “Сипас ҷасадро дар яке аз ҷангалзорҳои шаҳри Сургут партофтаанд”,-навиштааст ӯ.

Ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони пулис сокини 22-солаи ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин куштор дастгир кардаанд: “Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 3 сентябри соли 2017, тахминан соати 23:30 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 20-солаи сокини шаҳри Конибодом ва “Бобо” ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, ҷинояти мазкурро содир намудааст”. 

Ба таъкиди манбаъ, ҳоло барои дастгир намудани ҳаммаслакони дастгиршуда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *