Оварагардонро то Бозиҳои Осиё -2017 бадар мекунад
Туркманистон, ки нахустин бор дар қитъаи Осиё ҳуқуқи баргузор кардани Бозиҳои Осиё-2017-ро пайдо кардааст, 80−85% -и инфрасохторҳои варзишиашро кишвар омода намудааст. Дар назар аст, ки Бозиҳои мазкур 17 сентябри соли 2017 шурӯъ шуда, дар он варзишгарони 45 кишвари Осиё ва 17 мамлакати Австалияву Уқёнус аз рӯйи 21 намуди варзиш мусобиқа меороянд. Рафти Бозиҳоро беш аз 200 ҳазор мухлис тамошо карда метавонанд.
Тавре сомонаҳои варзишии Туркманистон иттилоъ доданд, фақат барои бунёди муҷтамеъи Олимпии Бозиҳо, ки заминааш 5 ноябри соли 2010 гузошта шуд, сохтмони 30 иншооти варзишӣ дар майдони 157 га ба нақша гирифта шудааст.
Аммо далели ҷолиб он аст, ки полиси шаҳри Ишқобод — пойтахти Туркманистон барои аз назари меҳмонон махуф нигоҳ доштани камбудиҳои иҷтимоии ҷомеаи кишвар амалиёти боздошти бехонаҳо, майнӯшҳо ва нашъамандонро ба кор гирифтааст.
Ба ин мақсад, кормандони полис таҳхона ва боми биноҳои баландошёнаро, ки одатан бехонаҳо он ҷойҳо паноҳ мебаранд, тафтиш мекунанд. Полис занҳои фоҳишаро низ дастгир мекунад.
Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки боздоштшудаҳо ба дармонгоҳи муътодон фиристода мешаванд. Одамони муътод он ҷо 1-2 моҳ муолиҷа мешаванд, аммо тавре расонаҳо менависанд, ин навбат боздоштшудаҳо то анҷоми бозиҳои Осиё-2017, то охири моҳи сентябр, дар дармонгоҳ боқӣ хоҳанд монд.
Тавре хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар кӯчаҳои Ишқобод сокинонеро ҳам, ки дар бар сару либоси дурусте надоранд, боздошт мекунанд. Онҳое, ки дар қайди пойтахт нестанд, ҷарима баста, ба навоҳӣ депорт мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ