Дастгиршавии пирамарди қаллоб

Як мӯсафеди 78-соларо дар шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард ҳанӯз 5 сол пеш аз як сокини Душанбе 50 ҳазор доллар гирифта, дигар «бо ҳар баҳона” ба соҳибаш барнагардондааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 май аз як боздошти камсобиқа хабар дод. Бино ба ин манбаъ, «зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 78-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардид.”

Вазорати дохила мегӯяд, ки ин гумонбар аз соли 2012 аз як марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе 50 ҳазор доллари Амрикоро гирифта, дигар «бо ҳар баҳона бар нагардонидааст, ки боиси навиштани шикоят нисбаташ гардидааст.”

Вазорати корҳои дохила ҳамчунин аз боздошти як марди 45-солаи сокини Душанбе бо айни иттиҳоми қаллобӣ хабар медиҳад. Дар гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат гуфта мешавад, ки ин мард «моҳи марти соли 2016 аз зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, 36 ҳазор сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст.”

Дар робита ба ҳарду мавриди қаллобӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *