«Ҳулбук» «Маҳаллаи 83»-ро меҳмондорӣ накард

Бозиҳои аввалини марҳилаи муқаддимавии Ҷоми Тоҷикистон-2017 оид ба футбол 7 майи соли  равон доир гардиданд.

Дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе вохӯриашро бо тими «Ваҳдатом» мусовӣ – 1:1 анҷом дод. «Саройкамар»-и Панҷ ба дарвозаи «Равшан»-и Кӯлоб  5 тӯб орид намуда, ҳамагӣ 1 тӯб сар дод.  «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи камтарини 2:1 дастаи  «Маҳаллаи 83»-ро мағлуб сохт. «Кӯктош» дар варзишгоҳи  «Нефтяник»-и ноҳияи  Рӯдакӣ бо «Сомон»-и ноҳияи Данғара мусовӣ — 2:2 бозид «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдонаш «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро – 4:1 шикаст дод. А «Зарафшон»-и Панҷакент ба дарваозаи «Зарбдор»-и Исфара 6 голи беҷавоб зад — 6:0.

Бозиҳои ҷавобии дастаҳои мазкур барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2017 16-17 май доир мешаванд.

Таъкид менамоем, ки  ғолибони ин шаш ҷуфти марҳилаи муқаддимавӣ ба марҳилаи 1/8 Ҷоми Тоҷикистон-2017 роҳхат мегиранд. Ба ин марҳила тибқи низомномаи мусобиқаи мазкур дастаҳои Лигаи олӣ — «Истиқлол», «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд», КМВА «Помир», «Барқчӣ», «Вахш»  ва «Панҷшер»аллакай роҳ дода шуданд.

Вохӯриҳои марҳилаи  1/8 финалӣ 27-28 май ва ҷавобиашон 1-2 июн ба нақша гирифта шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *