Ҷовид Муқим: «Рамазон ва мо»

Моҳи шарифи Рамазон аз ним гузашт. Дар рамазони имсола ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳарвақта хеле гарм омад ва на ҳар кас ба ин тоқат карда, рӯза медорад. Вале ба ин нигоҳ накарда, теъдоди рӯзадорон кам нест.  Яке аз рӯи ихлосу имон, дигаре барои худнамоӣ ва сеюмӣ барои аз ҷомеа берун намондан рӯза мегирад. Агар шахс худогоҳона аз рӯи имон рӯза дорад, савоби он зиёд аст. Мутаассифона, теъдоди нафароне, ки барои пеши ҷомеа худнамоӣ кардан рӯза медоранду ихлосу имон надоранд, кам нест.


Ман нафаронеро медонам, ки тамоми сол арақ менӯшанд, зинокорӣ мекунанд ва ё ришва мегиранд. Вале дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд ва панҷ вақт намоз мехонанд. Дуруст аст, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст. Вале чун Рамазон гузашт, онҳо боз ба амалҳои ношоистаи худ даст мезананд. Якеро пурсидам, ки ту ба дини мубини ислом ҳеҷ ихлосе надорӣ ва чаро якбора дар Рамазон «мусулмон» мешавӣ?

Ӯ гуфт: — Дар ин моҳ аз арақхӯрӣ ва зинокорӣ истироҳат мекунам.

Дар моҳи шарифи Рамазон бояд шахси мусулмон ҳамаи амалҳои ношоистаи хешро партояд ва некукору парҳезгор бошад. Албатта, ин хислатҳоро шахс бояд тамоми умр риоя намояд, то воқеан ҳам чун як шахси комил дар ҷомеа пазируфта шавад.

Моҳи истироҳату рухсатӣ

Баъзеҳо бар он назаранд, ки шахс бояд дар моҳи Рамазон танҳо ба рӯзагирӣ ва тоату ибодат машғул шавад. Воқеан ҳам, дар ин моҳ нисбатан тоату ибодат дар ҳаёти мусулмонон зиёд мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки шахс ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғул нашавад. Ман нафареро медонам, ки бо сар шудани Рамазон қариб ки аз хона берун намебарояд. Ғизои якмоҳаи хонаводаашро захира мекунад ва баъди саҳархурӣ то намози бомдод ва боз то намози пешин дар хонаи салқин хоб мекунад. Аз хоб, ки сер шуд, вақти боқимондаро ба тамошои телевизиор сипарӣ менамояд. Ӯ ба кӯча танҳо барои хондани намози шом ва таровеҳ мебарояд.

 Мутаассифона, чунин ашхос кам нестанд. Бо сар шудани Рамазон субҳ дар ҳавлии бинои серошёнаи мо ба қавле «пашша пар намезанад», ҳамагон баъди саҳархӯрӣ дар хоби нозанд. Вале чун бегоҳ наздик шуду салқинӣ фаромад, ҳавлӣ пур аз калону хурд мешавад. Садои баланди кӯдакон ва волидони онҳо то нисфи шаб аз ҳавлӣ ба гӯш мерасад. Аксар баъди ифтор аз хонаҳои тафсидаи бетонӣ ба саҳни бино мебароянд. Маълум, ки онҳо рӯзона хобанду шаб то саҳархӯрӣ бедор меистанд.

Як дӯстам нақл кард, ки рӯзи якшанбе зани ҳамсоя, ки дар ошёнаи поёнӣ зиндагӣ мекардааст, дарашро кӯфта, шикоят намудааст: «Кӯдаконатонро назорат кунед, ки сахт нагарданд ва ба хоби мо халал нарасонанд. Мо рӯза гирифтаем».

— Мо ҳам рӯзадорем ва ин маънои онро надорад, ки бояд ҳуқуқи дигаронро поймол кунем. Барои рӯзадор будани шумо магар мо дар хонаи худ ҳаракат накунем?! — посух додааст дӯсти ман.

Воқеан ҳам, баъзеҳо гумон мекунанд, ки рӯзадорӣ бояд барояшон имтиёз дошта бошад. Албатта, чунин нест. Рӯзагирӣ кори шахсии ҳар як мусулмон аст. Ва ҳар шахс аз рӯи имону ихлос рӯза мегирад, то ки гуноҳҳои собиқкардааш бахшида шаванд.

Ҳамчунин, шахс бояд дар ин моҳ фаъолияти доимии худро идома диҳад. Яъне, ба мисли ҳамешагӣ дар вақташ ба кор равад, вазифаи хизматиашро иҷро намояд, то ки аз рӯзагирии вай фаъолияти корхона ва дигарон халалдор нашавад.

Моҳи қаноат

Яке аз хислатҳои моҳи шарифи Рамазон қаноат аст. Дар ин моҳ мусулмонон қаноатпеша будани худро пеши Худованд зоҳир мекунанд. Яъне,  шахс бо рӯзагирӣ ба гуруснагиву ташнагӣ тоб оварда, бо камтарин ғизо қаноат карда тавонистани худро нишон медиҳад. Мутаассифона, баъзе рӯзадорон ончунон ифтор мекунанд, ки қаблан дар тамоми рӯз он қадар ғизо намехӯрданд. Баъзеҳо нақл мекунанд, ки дар ифтору саҳархӯрӣ оши палаву гӯштбирён, самбӯсаву манту ва анвои шириниҳои гуногун тановул мекунанд. Албатта, чунин пурхӯрӣ ба саломатӣ зиён дошта, шахсро ба фарбеҳӣ мебарад. Дар ояти 183-и сураи «Бақара»-и Қуръони шариф омадааст, ки «Эй мӯъминон бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни шумо фарз шуда буд. Бошад, ки шумо парҳезгор шавед».

Фурӯшандаи “мусулмон”  ва моҳи Рамазон

Солҳои қаблӣ дар Рамазон нархи маҳсулот дар бозорҳо ба якборагӣ боло мерафт. Зеро талабот ба анвои ғизоӣ меафзуд. Соли равон бинобар таъсири буҳрони молӣ ва қобилияти пасти харидории аҳолӣ нархи бозорҳо ба таври назаррас боло нарафт. Вале ин маънои онро надорад, ки фурӯшандаҳои мо «мусулмон» шуда, аз пеши худ барои савобгирӣ ба ин амал даст зада бошанд. Маълум аст, ки онҳо маҳсулотро агар аз деҳқон ба як сомонӣ харанд, ба болояш 2-3 сомонӣ монда мефурӯшанд. Худ чанде қабл шоҳиди суҳбати ду мард будам. Яке ба дигаре гуфт:

 — Писарам зардолуи боғамонро оварда, килояшро 80-дирамӣ ба савдогарон месупорад.

— О, дар бозор нархи зардолу аз 5 сомонӣ кам нест-ку?!,- ҳайрон пурсид ҳамсуҳбати ӯ.

— Ин нархро ҳаннотон мегузоранд. Аз беинсофии онҳо нархи маҳсулот дар бозорҳо арзон намешавад.

Воқеан ҳам, симои ҳақиқи фурӯшандаву соҳибкоронро пеш аз Иди Фитр мебинем. Зеро талабот барои оро додани дастархони идона ҳамагонро ба бозор меорад ва ҳаннотон нархҳоро мисли ҳамасола боз боло мебаранд.

Дар кишварҳои исломӣ дар моҳи Рамазон соҳибкорон ва фурӯшандаҳо барои савобгирӣ нархи маҳсулоташонро 20-30 фоиз кам мекунанд. Дар Тоҷикистони мо ба чунин амал аҳён-аҳён нафарони савобҷӯ даст мезананду халос. Барои дигарон Рамазон моҳи тиҷорати бузург аст.

Ҷовид Муқим,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *