Соли 1990, яъне 26 сол қабл паҳлавон Мусо чӣ гуфта буд?

26 СОЛ ҚАБЛ СУХБАТИ МӮСО ИСО БО ҶӮРА ЮСУФӢ ДАР ҲАФТАНОМАИ «АДАБИЁТ ВА САНЪАТ»
ПАҲЛАВОНЕ, КИ ҲУНАРПЕША ШУД (СУҲБАТ БО МӮСО ИСО, КИ БО МИКЕЛЕ ПЛАЧИДО ДАР ЯК ФИЛМ НАҚШ МЕОФАРАД) –

Мӯсои муҳтарам! Дар дасти ман мухтасари шарҳи ҳол, яъне зиндагиномаи Шумо истодааст. Соли 1952 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадаед. Баъди хатми мактаби миёнаи №3 ба омӯзишгоҳи касбҳои техникии (Коллеҷи кишоварзии имрӯзаи н. Мастчоҳ) ноҳия дохил шудед. Сипас хизмати ҳарбӣ, таҳсил дар Донишкадаи варзиши ҷумҳурӣ то соли 1978, Паҳлавони (чемпиони) чандин каратаи ҷумҳурӣ оид ба гӯштини классикию дзю-до. Паҳлавони ҷумҳуриявии Озарбойҷон оид ба дзю-до. Устоди варзиш ва ҳоло ҳунарпешаи кино, яъне актёр. Бигӯед, ки чи тавр Шумо ба дунёи дигар, ба ҳунари дигар рӯ овардед. Яъне чи тавр Мӯсои паҳлавон Мӯсои ҳунарпеша шуд?
– Коргардони «Тоҷикифилм» Виктор Мирзониц барои филми «Кафорат»-аш дар нақши асосӣ, ки марди тануманди қӯҳистонист, ҳунарпеша меҷуст. Чандин ҳунарпешагони касбиро санҷид, вале аз бозии онон қонеъ нашуд. Рӯзе ду нафар маро дар кӯча вохӯрда, ба «Тоҷикфилм» даъват карданд. Рафтам, бо Виктор Мирзояниц шинос шудам. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки ҳар рӯз як ду соат наздаш ояму бозии ҳунарпешагнонро мушоҳида кунам. Баъд ба ман филмнома (сенарияи) «Кафолат»-ро дод. Ман хондам. Нақши қахрамони асосӣ Низомро азхуд кардам. Хуллас, ки аз озмоиш гузаштам. Ин филм дар бораи марди кӯхистонӣ нақл мекунад, ки ба туҳмат гирифтор шуда, гӯшаи танҳоиро ихтиёр намудааст.
– Шояд дар офариниши ин нақш ба Шумо маҳорати варзишиатон, ба ибораи дигар нерӯи паҳлавониатон мададе расонд?
– Ҳамин тавр. Қаҳрамони асосӣ мебоист аз кӯҳ афтад. Ин корҳои душворро дар филмҳо асосан дублёрҳо иҷро мекунанд. Вале дублёри ман аз уҳдаи ин кор баромада наметавонист. Пас худам иҷро кардам. Ё худ Низомӣ дар кӯҳистони дур аз деҳу кӯҳ хонаи алоҳида сохта, истиқомат мекард. Як шаб гургҳо ба хонаи ӯ ҳуҷум мекунанд, харро мехоянд, сагро мехоянд ва ба ӯ дармеафтанд. Низом (яъне банда) гургро бо дастам чунон фишурдам, ки онҳое, ки филмро дидаанд медонанд. Хуллас, аксари тамошобинон ин филмро писандиданд, дар яке аз озмунҳо ҳам ҷои аввалро гирифт. Аз савол дур наравем маҳз танумандии маро ба назар гирифта, дар филми «Номзад» (ҳамроҳи Убайдулло Раҷабов нақш мебозам) ба ман нақши ҷондорро (телеохранителро) бовар карданд.
– Мӯсо ва Микеле Плачидо. Яъне Шумо ва «комисар Катани». Мо аз рӯзномаҳои ҷумҳурӣ огоҳ шудем, ки бо ин ҳунарпешаи шинохта дар филме иштирок мекунед. Мехоҳем ба ин масъала рӯшноӣ андозед.
– Дуруст аст, ки ман бо «комисар Катани» дар як филм, «Дарду алами Афғон» (ба русияш «Афганский излом») ном дорад, нақшҳо мебозем. Ин филмро студияи «Ленфилм» бо ҳамроҳии студияи «Клеми Киноматографик»-и Итолиё ба навор мегиранд. Коргардонаш Владимир Бротно мебошад. Дар ин филм Плачидо нақши командири шӯравиро мебозаду ман нақши сарвари як дастаи муҷоҳидини афғон. – Мусо алҳол дар кадом филм нақш мебозед?
– Ҳамин тобистон ба Сурия меравем. Он ҷо филми якҷояи шӯравию суриявӣ «Асрори даври куҳан» ба навор гирифта мешавад. Ман нақши падари қаҳрамони асосии филм Ал-Ҷадудро иҷро мекунам.

Суҳбатнигор Ҷӯра Юсуфӣ
11 ноябри 1990

Матни мусоҳиба аз саҳифаи Фейсбуки Абдуҷалили Амон гирифта шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *