“Овора”-и Валиҷон Азизов нашр шуд

Ҳунарманди хушсадои тоҷик Валиҷон Азизов суруди навбатии худро дар шакли МР3 манзури ҳаводоронаш намуд.

Суруди мазкурро дар ютубканали шахсии овозхон дар як шабонарӯз зиёда аз 50 ҳазор маротиба шунидаанд ва ин рақам барои сурудҳои тоҷикӣ дар дунёи беҳудуди интернет шумораи баланд арзёбӣ мегардад.

“Овора” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Бегона аз ёру диёр,

Озурдаам аз ранҷи ёр.

Худо, Худои меҳрабон,

Як лаҳза хушҳолӣ биёр.

Одатан, Валиҷон Азизовро мардум ҳамчун сарояндаи таронаҳои ошиқӣ мешиносанд, вале чунин суруди иҷтимоиро, ки мазмунан аз дигар таронаҳояш фарқ мекунад, хуб қабул кардаанд.

Бояд гуфт, ки корбарони бешумори шабакаҳои иҷтимоӣ қисман ё пурра суруди “Овора”-ро дар саҳифаҳояшон бознашр карда, ба ин васила дар сатҳи олӣ баромадани таронаро таъкид намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *