Сӯхтор дар Хуҷанд ва зарари мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ

Имрӯз, 2-юми октябри соли 2023, соати 03:18 дақиқа дар нуқтаи савдо ва хизматрасонии мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Ваҳдат»-и ба номи Ҷӯраев Бақо, воқеъ дар кӯчаи Р. Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд сӯхтор ба амал омадааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардидааст, ки сӯхтор дар масоҳати 94 метри мураббаъ дохилу болопӯши мағозаҳоро фаро гирифта, хавфи паҳн гардидани он ба дигар қисмҳо ва нуқтаҳои савдо ба миён омадааст. Ҳангоми ҳодисаи мазкур 4 адад дӯкони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ сӯхтаву зарар дидааст.

— Сӯхтор соати 04:14 дақиқа аз ҷониби оташнишонон ва 5 адад нақлиёти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш гардид. Ҳаҷми маблағи масолеҳи аз сӯхтор эминмонда зиёда 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Оид ба ҳодисаи сӯхтор санҷиш идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *