Миҷгона Самадова соҳиби роҳхати олимпӣ шуд

Миҷгона Самадова аввалин бонуи варзишгари тоҷик аст, ки ба  Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж -2024 роҳхат гирифт.

Тавре ба Pressa.tj аз Кумитаи олимпӣ хабар доданд, Миҷгона рӯзи 4-уми октябр бо варзишгари қазоқистонӣ Карина Иброҳимова қувваозмоӣ мекунад.

Миҷгона изҳори боварӣ кард, ки дар ин муҳориба пирӯз мешавад ва парчами Тоҷикистонро боло мебардорад.

Варзишгари дуюм, ки ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024 роҳ ёфт, Давлат Болтаев аст. Ӯ дар вазни 92 кг қувваозмоӣ мекунад. Тавре Pressa.tj маълумот гирифт, ҳарифи вай Ҳуэби Хан аз кишвари Чин аст ва рӯзи 3-юми октябр онҳо вомехӯранд.

Инак, ду муштзани тоҷик ба бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳ ёфтанд ва умедворем, ки шарафи варзишгарони тоҷикро дар он боло мебардоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *