Овоза ва ҳақиқати марги Акбар Аҳмадов, як гумонбар дар қатли Шуҳрат Исматуллоев

Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабари марги Акбар Аҳмадов (Ахмедов), барномасоз ва яке аз гумонбарони рабудану куштани муовини якуми раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро рад кард.

Ба иттилои манбаъ, Акбар Аҳмадов “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.

Қаблан дар расонаҳои кишвар хабаре паҳн шуда буд, ки Акбар Аҳмадов пас аз боздошти модараш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашта, худро ба мақомот таслим кардааст. Аммо пас аз чанд рӯз “ӯро вақти пурсиш сахт шиканҷа кардаанд, то ба суолҳо посух диҳад, аммо ӯ ба ин ҳама “тоб наоварда, фавтид”.

Дар як видео низ модари Акбар Аҳмадов фавти фарзандашро рад кардааст. Акбар Аҳмадов 36 сол дошта, ба сифати барномасоз фаъолият доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *