Тирандозии шадид миёни толибҳо ва низомиёни покистонӣ дар “Тархум” (видео)

Вазорати умури дохилии Толибон* тарафи Покистонро ба оташкушоӣ муттаҳам мекунад, вале хабар медиҳад, ки бо онҳо дар тамос аст ва талош дорад дар оянда чунин амал такрор нашавад.

Ба гузориши Aamaj News, чаҳор толиб дар ин бархӯрд дар гузаргоҳи “Тархум” кушта шуда, беш аз 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Аз ҷониби Покистон дар бораи куштору захмиён иттилое нест.

Маврид ба зикр аст, ки охирин бархӯрди маргбор шаш моҳ пеш дар ин маҳал сар зада буд.

* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *