Ояндаи дурахшон дар ДБССТ
Довталабони азиз!
Дар шароити имрӯз тамоми сохтору корхона ва ташкилоту идораҳо ба мутахассисони донишманду дорои диди тоза эҳтиёҷ доранд. Барои ин дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам мебошад. Ин ҳама имкон медиҳанд, ки орзуҳои шумо барои мутахассиси касбӣ шудан дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон амалӣ гарданд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамсол бо Истиқлоли кишвар аст. Албатта, пешравиҳо дар ин таълимгоҳи олӣ дар давоми мавҷудияташ зиёданд, вале ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ифтитоҳи биноҳои нави таълимии донишгоҳ муҳимтарин дастовард маҳсуб меёбад.
1-уми сентябри соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3-ошёна мебошанд, ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шуданд. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла, ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии куҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Довтлабони азиз!
Мо — ҳайати раёсат ва омӯзгорони донишгоҳ пайваста кӯшиш дорем, ки дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ аҳамияти бештар диҳем. Ҳоло дар донишгоҳ барои омӯзонидани мутахассисони оянда дар соҳаҳои муҳими иқтисодии кишвар беш аз 200 омӯзгори ботаҷриба ва соҳибунвон фаъолият доранд.
Муваффақияти дигари мо ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Суғду Хатлон (шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант) таъсис ёфтанд, ки ҳоло фаъолияти пурсамар доранд.
Имрӯз барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонида шудаанд. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022-юм чандин ихтисоси нав таъсис ёфта, донишҷӯён бо забони англисӣ ва русӣ низ таълим мегиранд.
Хушбахтона, ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ин имкон медиҳад, ки робитаҳои хориҷии донишгоҳ бо донишкадаву донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёбад. Умуман, раёсати донишгоҳ ба рушди робитаҳои хориҷӣ бо донишгоҳу донишгоҳҳои дохилию хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Айни замон теъдоди шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷӣ ба 180 адад расидааст, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошанд.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз тарафи раёсат пайваста ҷавонони болаёқат, ки барои азхуд кардани дониш кӯшиш мекунанд ва дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд, дастгирӣ ёфта, бо туҳфаҳои пулию молӣ ҳавасманд мегарданд.
Дар интиҳо бо таманниёти орзуҳои нек ба шумо — довталабони гиромӣ дар интихоби касби ояндаатон муваффақият хоҳонам. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант интизори шумо — довталабони азиз мебошанд.
НАҚШАИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2023-2024
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ