Нигина Раҷабова

Нигина Раҷабова: Сабр калиди ҳама хушбахтиҳост

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман»-и ҳафтаномаи “Оила”, бонуи ҳунарманд, заргари нозукхаёл Нигина Раҷабова атрофи нобаробарии иҷтимоӣ ва таъсири он ба оила ибрози назар карданд.

— Агар мо омилҳои пошхўрии оилаҳои ҷавонро ба тарозуи андеша баркашида, номбар намоем, сабабҳо хеле ва хеле зиёданд, аммо аксарияташон ночизанд, ба дараҷае ночиз, ки ҳатто ба озурдани дили касе ва ба як лаҳза ошуфта шудани одамӣ намеарзанд. Мутаассифона, чунин омилҳо вуҷуд доранд ва мушкили оилаи тоҷик ба шумор мераванд.

Нобаробарии иҷтимоӣ дар оилаҳои ҷавон аз он сарчашма мегирад, ки яке аз тарафҳо сарватманд ва дигаре миёнаҳол ё яке миёнаҳол ва дигаре камбизоат аст. Дар аксари ҳолатҳо ба муҳаббати ҷавони сарватманду духтари камбағал ё духтари бою писари камбағал волидайн хати батлон мекашанд. Яъне, онҳо мувофиқи муҳиту атрофи мо нестанд, дар ин лаҳзаҳо одобу рафтор, донишу ақлу тамизи ҷавондухтар ё ҷавонписар зери сояи ҷаҳолати калонсолони чизпараст мемонад. Боз ҳолатҳое низ ҳастанд, ки ҷавонон ба нею нестони волидайн нигоҳ накарда, барои ишқи худ мубориза мебаранду ғолиб меоянд ва баъд сар мешавад таънаю эроду пичинг. Дар ин росто ҳатто баъзе анъанаҳои нав дар фарҳанги урфу одатҳои миллии мо пайдо шудааст. Модаронро лозим аст, ки ба духтарон фаҳмонанд, ки дар хонаи шавҳар зисту зиндагонии дигар ўро интизор аст. Ҳама нозу нуз ва эркагиҳояшро дар хонаи падар монда, ба он ҷо равад ва унс гирад бо зиндагии нав. Калонсолонро лозим аст, ки ба хотири чизу чораву ҷиҳозу дигар омилҳои ночиз моҷаро карда, дили ҷавононро сард накунанд. Бигузор ду ҷавон якҷоя кор карда, зиндагиро аз сифр оғоз намоянд, ана он гоҳ ба қадри ҳама чиз мерасанд. Беҳтарин мероси волидайн ба фарзанд ин омўзонидани касбу кор ва ҳунар мебошад, ҳунарманд ҳамеша ризқашро меёбад ва ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Нобаробарии иҷтимоӣ набояд садди роҳи ҷавонон бошад ё сабаби вайроншавии оилаҳо гардад. Ба духтарон пеш аз дигар масоили оиладорӣ бояд сабрро омўзем, зеро беҳуда нагуфтаанд: “Сабр калиди ҳама хушбахтиҳост!”.

Агар инсон соҳибмаърифат бошад, нобаробарии иҷтимоиро мушкил намеҳисобад, ҳарчанд хандаовар намояд ҳам, хушбахтӣ ҳеҷ гоҳ дар пулу мол нест. Инро зиндагии инсонҳои саодатманде исбот кардааст, ки ҳеҷ гоҳ сарватманд набуданд, вале хушбахт аз дунё рафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *