Ояндаи Русия чӣ мешавад?Путин ё Пётри I мешавад ё қудратро медиҳад

Ҳаводиси ахире, ки дар Русия ба вуқӯъ пайваст, барои Русия пешгӯинашаванда буд. Кремл интизор набуд, ки ҳазорон нафар ба ҳимояи Алексей Навалний ба майдонҳо баромада, ба муқобили Владимир Путин садо баланд мекунанд.

Ояндаи Русия чӣ мешавад? Ин суолест, ки расонаҳои ҷаҳонӣ ҳафтаи равон ба он посух ҷустанд.

Навалний аз маҳбас ҳам мардумро ба кӯча баровард

23 январ Алексей Навалний бори дигар собит кард, ки ҳатто дар ҳабс ӯ метавонад одамонро ба кӯчаҳо барорад, менависад

“The Wall Street Journal”. Барои сиёсатмадоре, ки панҷ моҳ дар кишвар набуд, ин як санҷиши воқеии нуфузи ӯ буд. Ҳоло саволи мубрамтарин барои Кремл ин аст, ки оё ин амал ба муқовимати устувор бо мақомот мубаддал хоҳад шуд ё хомӯш мегардад? Ин кор дар навбати худ нишондиҳандаи он хоҳад буд, ки оё Навалний метавонад ба дастгирии мардум  такя кунад? Аммо барои Ҷо Байден, ки ҳанӯз бо Маскав робита барқарор накардааст, тазоҳурот дар Русия аввалин чолиши бузург дар сиёсати хориҷӣ шудааст, менависад

“The Washington Post”. Мушовири нави амнияти миллӣ Ҷейк Салливан аллакай дар Твиттер талаб кардааст, ки Алексей Навалнийро озод кунанд. Тавре маълум шуд, танҳо мардуми Русия аз таҳримоти иқтисодии Ғарб  азият мекашанд, аммо — шарикони Путин мисли пешина  имтиёзҳои ғайриқонуниро худро истифода бурда истодаанд. Аз ин рӯ, танҳо таҳримҳои шахсӣ алайҳи доираи наздиктарини пешвои Русия воқеан метавонанд муассир бошанд. Пароканда шудани митингҳо исбот мекунад, ки барои элита чӣ рақибе пайдо шудааст. Барои ҷомеаи Русия, хулоса мекунад

“The Guardian”, пароканда шудани гирдиҳамоиҳои рӯзи шанбе метавонад ба таҳримоти аз ин ҳам бештар сабаб шавад . Интихоботи моҳи сентябрии Думаи давлатӣ, ки ба гумон аст, ки бидуни тақаллуб сурат бигирад, ин мушкилотро бештар хоҳад кард. То шикастани система, Русия ба ислоҳоти куллии сиёсӣ ниёз дорад. Путин барои беҳбудии мардум бояд эътироф кунад, ки вақташ ба охир расидааст, хулоса мекунад газета.

Оё Руссияи путинӣ метавонад умрашро дароз кунад?

Sankei Shimbun, Япония: 4 июли соли сипаришуда  бо фармони Президент Путин Конститутсияи нави Русия ба марҳилаи  иҷро даромад. Ҳамзамон, тамоми муҳлатҳои қаблии раёсати Путин «аз сари  нав ҳисоб карда шуданд. Ҳамин тариқ, ӯ имконият пайдо кард, ки пас аз соли 2024 ду маротиба ба мансаби Президенти Русия пешбарӣ карда шавад ва то 12 соли дигар, яъне то соли 2036 дар ин вазифа бошад. Дарвоқеъ, Путин роҳи худро барои якумр Президенти Русия шудан боз кард. Ин марҳилаи муҳимтарин дар таърихи 30-солаи Русия пас аз фурӯпошии собиқ СССР буд.

Агар Путин 36 сол дар мақоми президентӣ бимонад (вай бори аввал соли 2000 ба кор шурӯъ кард), пас ӯ аз «рекорд»-и Сталин (29 сол) ба таври назаррас пеш гузашта, ба давраи ҳукмронии худ ба императори бузурги Русия Пётр наздик хоҳад шуд (ӯ аз соли 1682 то 1725 дар сари тахт буд). Соли 2036 Путин 83-сола мешавад. Барои «рӯпӯш кардани» ғояи асосии овоздиҳӣ — дароз кардани мавҷудияти режими Путин, Президенти амалкунанда дар бораи нақшаҳои худ изҳороти хеле аҷибе дод.

Дар як мусоҳибаи телевизионӣ рӯзи 21 июн ӯ гуфт, ки агар ислоҳи «сифр»(обнуление) -и муҳлати президентӣ қабул нашавад, пас барои  2 сол ба интихоби ҷонишини худ ҳамчун президент оғоз мекунад. Агар Путин ба қудрати мутлақи қудрати худ итминон медошт, ба ӯ чунин қайду шартҳо  лозим набуданд. Вай метавонист бо истифода аз қудрати худ вориси худро таъин кунад ва ресмони идораро  ба ӯ супорад. Бо доштани имконият барои муддати тӯлонӣ ба ҳайси президент кор кардан, Путин, аз як тараф, авҷ гирифтани муборизаи дохилӣ-кланиро дар элитаи сиёсии Русия пешгирӣ кард ва аз тарафи дигар, нагузошт, ки вай ба «мурғобии ланг», чун пешвоёни олӣ дар арафаи тарки қудрат бошад.

Дар байни атрофиёни Путин гурӯҳҳои гуногуни сиёсатмадорон, низомиён, кормандони амният, саноатчиён ва бонкдороне ҳастанд,ки  пайваста барои соҳиб шудан ба қудрат мубориза мебаранд. Агар дар доираи мубориза барои ҷой дар «давраи баъд аз Путин» тавозуни мавҷудаи қудрат дар дохили элитаи Русия бо ягон сабаб вайрон карда шавад, пас ин на танҳо барои Русия хатар аст, балки инчунин, хатари бузурге барои тақдири худи  Путин низ ҳаст. Вай бояд ба элита нишон диҳад, ки пас аз соли 2024 қудратро дар дасти худ нигоҳ медорад. Аммо айни замон, таъсири  эйфорияи ҳамроҳ кардани  Қрим  ҳамчун коре, ки патриотизми русиро боло мекунад, кам  шудааст ва хастагӣ аз режими Путин дар байни мардум афзоиш меёбад. Дар моҳҳои апрел-майи соли равон сатҳи пастарин пуштибонӣ аз Путин дар давраи ҳукмронии ӯ ба қайд гирифта шуд, ки ҳамагӣ  59% буд.

Дар Русия чӣ мегӯянд?

Дмитрий Орлов, узви Шӯрои Олии ҳизби “Русияи воҳид”

Дар Русия, дар тӯли  20 соли охир эътимод ба Владимир Путин ба таври анъанавӣ зиёд аст, гарчанде ки сатҳи он ба тағйирёбии вазъият вобаста аст. Тибқи маълумоти ВЦИОМ, имрӯзҳо беш аз 71,5% русҳо ба сарвари давлат эътимод доранд ва 64,6% пурсидашудагон фаъолияти Путинро ҳамчун Президент маъқул мешуморанд. Ҳаёти сиёсии Русияи муосир бо номи Путин пайванди ногусастанӣ дорад. Ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ дорем, аксар вақт «суботи путинӣ» ном гирифтааст  ва тарафдорони президент аксариятро ташкил медиҳанд. Тавре дар гузориши APEC (Созмони тадқиқотии наздик ба ҳукумат) омадааст, аксарият ҷонибдори Ҳукумати Путин боқӣ хоҳанд монд ва рушди раванди сиёсиро дар оянда на камтар аз ду давраи дигари президентии оянда муайян мекунад, яъне то соли 2036.

Ин аксарият на танҳо имрӯзи худ, балки ояндаи худро бо шахсияти президенти кунунӣ рабт медиҳанд. Дар давраи роҳбарии Путин насли нав ба воя расидааст. Ин одамон ҳеҷ гоҳ берун аз низоми Путин зиндагӣ накардаанд. Ин аст, ки дар ҷомеа талабот ба мондани Путин дар низоми қудрат ҳамчун кафили устувории мавқеи «насли Путин» ба миён омадааст. Ду сол пеш 59% русҳои пурсидашуда чунин мешумориданд, ки ояндаи Русия бояд дар заминаи адолати иҷтимоӣ сохта шавад (маълумот аз Пажӯҳишгоҳи сотсиологияи Академияи илмҳои Русия). Айни замон, аксарияти русҳо (62%) чунин мешуморанд, ки ба даст овардани адолати иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба мақомот вобаста аст. Аксар вақт, русҳо адолати иҷтимоиро ҳамчун баробарӣ,  қонуният ва некуаҳволии иқтисодӣ мефаҳманд. Яъне, Владимир Путин ҳанӯз дар Русия шахсест,ки  мардум умедашонро ба вай мебанданд.

Таҳияи А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *