Гулхани калон дар Душанбе

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим мегардад

Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Садабаргзор мегардад.

Дар қатори намоиши ниҳолу, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гушаи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳоди иштирокорони тантанаҳои идона мегардад..
Дар гӯшаи сайёҳӣ бори аввал намоиши мастер классҳои ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имкониятҳои сайёҳии куҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида мешавад.
Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим мегардад.
Дар намоишгоҳ маводи иттилоотию тарғиботии сайёҳӣ, имкониятҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба намудҳои афзалиятноки соҳа ва эҷодиёти донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бахши сайёҳии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба тамошо гузошта мешаванд.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, он ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.