Оё метавон бе дурӯғ зиндагӣ кард?

“Решаи дурӯғ ковок аст”, “Умри дурӯғ кӯтоҳ аст”, “Фарҷоми дурӯғ бефурӯғист” ва ғайраву ҳоқазо… Пас он чаро намепӯсад? Баръакс, месабзаду реша меронад. Куҷост мантиқ? Куҷост маъно? Куҷост ҳақиқат?…

Шояд гуфтани ин суханҳо ҷоиз набошад, аммо ҳақиқат он аст, ки дурӯғ вабои аср мебошад. Оре, вабое, ки пиру барно-тифлу кӯдак, наврасу ҷавон, писару духтар, марду зан ва аҳли башарро фаро гирифтааст.

Бале, дурӯғ заҳрпечаки замон аст. Оҳиста мепечад, мефишорад ва дар охир буғӣ мекунад. Мутеи он шудан амалест ногаҳонӣ, ки кас бехабар мемонад. Оё медонӣ, ки василаи нахустини он чист? Хоҳиш надоштан нисбати чизе ё касе. Супоришат медиҳанд, мегӯӣ, ки наметавонӣ, зеро ҳавсала надорӣ. Даъватат мекунанд, мегӯӣ, ки вақт надорӣ, зеро табъ надорӣ. Хоҳишат мекунанд, ки оиди нафаре ҳарф занӣ, таъриф мекунӣ, зеро худро “дӯст” нишон додан мехоҳӣ. Медонӣ, ин қадамҳои “устувор” ба ҷодаи дурӯғанд.

Роҳбареро дар дафтари кориаш намеёбанд. Мепурсанд. Мегӯяд, ки ба марказ рафта буд, дар маҷлис ширкат дошт. Донишҷӯе ба дарс дер меояд. Мепурсанд. Мегӯяд, ки нақлиёт дер омад, роҳ маҳкам буд. Коргаре ба кор намеояд. Мепурсанд. Мегӯяд, ки мушкилоти оилавӣ дошт, кӯдакаш бемор буд… Ва сабабҳои беасос, далелҳои сохта пайи ҳам меоянд. Пас мақсад аз дурӯғ гуфтан чист? Раҳоӣ аз сарзаниш, аз масъулият, аз уҳдадорӣ, аз ҷавобгарӣ ва аз ҳамаи он амалҳое, ки бояд иҷро мешуданд, аз суханҳое, ки бояд гуфта мешуданд,  аммо бо “сабаб”-е амалӣ нагардиданд.

Равоншиноси амрикоӣ Пол Экман дурӯғро ҳамчун “амали аз ҷониби як шахс қасдан ба гумроҳӣ бурдани шахси дигар” тафсир додааст. Яъне, дурӯғ бо мақсади муайян ва нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда гуфта мешавад.

Баҳри тақвият бахшидани гуфтаҳои болоӣ байни табақаи гуногуни ҷомеа назарсанҷӣ анҷом додем. Дар назарсанҷӣ 30 нафар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд ва ба суолҳои “Дар кадом маврид дурӯғро истифода мебаред?”, “Оё дурӯғ воситаи худсафедкунӣ буда метавонад?” ва “Рӯзе чанд маротиба дурӯғ мегӯед?” посух доданд. Натиҷаи назарсанҷиро дар намуди ҷадвал ва диаграмма меорем, то худ хонед, андеша кунед ва хулосаи зарурӣ бароред.

“Дар кадом маврид дурӯғро истифода мебаред?”    “Оё дурӯғ воситаи худсафедкунӣ буда метавонад?” “Рӯзе чанд маротиба дурӯғ мегӯед?”

“Дар кадом маврид дурӯғро истифода мебаред?”    “Оё дурӯғ воситаи худсафедкунӣ буда метавонад?” “Рӯзе чанд маротиба дурӯғ мегӯед?”

   Аз натиҷаи назарсанҷӣ маълум гашт, ки 80 дарсади пурсидашудагон танҳо дар мавриди зарурӣ дурӯғро истифода мебаранд. Беш аз 53 дарсади онҳо воситаи худсафедкунӣ будани дурӯғро рад намуданд. Ба суоли сеюм 46,6 дарсади иштирокчиён варианти  “намедонам”-ро интихоб карданд.                       

   Дар маҷмӯъ танҳо 4,5 дарсади пурсидашудагон ба ягон савол ҷавоби мушаххас дода натавонистанд.                         

 Қайд кардан бамаврид аст, ки бештари пурсидашудагон мақоли машҳури “Дурӯғ торикии имон аст”-ро мисол оварда, гуфтаҳои хешро тақвият бахшиданд.

Зимни назарпурсии мо аксарият эътироф карданд, ки дар мавриде дурӯғ мегӯянд, аммо суоле пеш меояд, ки оё бе дурӯғ зиндагӣ кардан имкон дорад? Шумо чӣ назар доред?

Амони МУҲАММАД, Донишҷӯи факултаи журнлистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *