Дар Сангвор Кумитаи рушди маҳал ҷаласа кард

Тавре аз Маркази матбуотии Кумитаи рушди маҳал ба “Тоҷикистон” хабар доданд, дар ноҳияи Сангвор рӯзи 15 ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Ҷаласа бо иштироки муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон ва намояндагони Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, молия, ширкати саҳомии холдингии “Барқи тоҷик”, баргузор шуд.

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Кумита ҳозиринро ба муносибати рӯзи Президент табрик намуд. Минбаъд дар ҷаласа паҳлуҳои хоҷагидории ноҳия, ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, захираву имкониятҳои ноҳия ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоӣ иқтисодӣ муайяну мушаххас карда шуд.

Нимаи дуюми руз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки масъули ин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод оид ба рафти баргузории Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи рушди маҳал Исмоилзода Ёқуб Борон суҳбати корӣ анҷом дода шуд.

Муовини Раиси Кумита ба ширкаткунандагони ҷаласа дар мавриди рафъи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушахасс дода, дар кори минбаъдаи онҳо мувафақият хост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *