Озар Хоҷўӣ – Эрон

Нишеб

Ту сарви нози бениёзи офаринишӣ,

Ҷавонтарин ҷавонаат,

Ба офтоб мерасад.

Ва реша решаи сулолаат,

Ба қалби чашмаҳои об.

Ту эй ҳамеша сарфароз,

Нишебро чигуна соз мекунӣ.

Агар касе шабе туро,

Зи шеби тунди хоҳише,

Ба номи кӯчакат,

Садо кунад.

***

Роҳи абрешим

Зангҳоро, зи нафасҳои саҳар, мешунавӣ?

Шояд аз ҷодаи абрешим,

Боз ҳам қофилае савдогар,

Мегузарад.

Гарм шуд матбахи афсонаи Шарқ,

Аз таби оташи ин қофилаҳо,

Гӯши таърих зи афсона пур аст.

Дили савдогари ту,

Ба мани савдоӣ,

Бор, кӣ хоҳад дод.

Ки шабе боз кунам,

Роҳи абрешими гесуи туро.

Бо сарангушти навозишгари ишқ?

То дигар дар таърих,

Ёвабофон, натавонанд сутуд.

Роҳи рӯъёиии абрешимро,

Зангҳоро зи нафасҳои саҳар мешунавӣ?

Оҳ, агар бор диҳӣ,

Ба сарангушти навозишгари ишқ!

***

Ораш

Гирифт марзи шараф Ораши камонкаши ман,

Ки нест тири хато дар камони Ораши ман.

Самандарона ниҳад бар саманди оташ, пой,

Зиҳӣ ҳамосаи ғайрат, зиҳӣ Сиёваши ман.

Чунин ки чоҳи «шағод»- т ба фан гушӯда даҳан, Инони роҳ ба ман деҳ, ба табъи саркаши ман.

Чу Кова то бикшуд теғи офтоб, Албурз,

Бисоз бо дами пӯлодпарвари оташи ман.

Чӣ ҷойи мӯя, ки оёти Маздаку Монист,

Нишиди шӯру ҳумоюн, навои дилкаши ман.

Нигорхонаи Аржнгу сад баҳорон ранг,

Зиҳӣ хуҷаста саройи чунин мунаққаши ман.

Ба зардрўии Бобак, хиҷил мабош, Озар,

Ки сурхрӯй барояд иёри беғаши ман.

***

Муҳокимаи офтоб

Ман аз муҳокимаи офтоб меоям,

Ки ҳар тулӯъ,

Ба фармони Ўрмазди бузург,

Ба номи ғайрати ишқ,

Камон кашида чу Ораш,

Адуи саркашро,

Аз остонаи Албурзу хонаи Зартушт,

Меронад.

Ва бар фарози ситабри ростини саҳанд,

Оёти нур мехонад.

Ман аз муҳокимаи офтоб меоям,

Ки муттаҳам ба сароҳату ҷурми пардадарист.

Ки аз ҳиҷоби тазоҳур, туқия безор аст,

Ҳазор пардаи тадлисро бурида ба теғ,

Ҳазор хирқаи таблисро дарида ба чанг.

Ва аз тамомии рухдодҳои пардагиён,

Ба қадри равзани чашме шуда,

Хабар дорад.

Ва низ муттаҳам аст,

Ба кори парвариши тӯдаҳои осии хок,

Барои густариши решаҳои пинҳонӣ,

Барои рӯйиши садҳо ҳазор лолаву гул,

Зи қалби донаи хунмурдаи замистонӣ.

Ба шавқи растохез,

Ба шавқи ҷӯшиши боғи шигарфу рангомез,

Ва низ мегўянд,

Ки дар макотиби таҳдиду ихтиноқи замон,

Агарчӣ файзи ҳузуре набуарда, медонад,

Ки зангҳои хатарро, ки менавозад боз?

Ки хуб мерақсад.

Ба пойи нағмаи носозгори ин ҳама соз?

Санам чӣ мекунад инак дар остини дароз?

Ва додгоҳ,

Зи пушти ниқоби абри сиёҳ,

Қарори содираро инчунин қироат кард:

Ки: офтоби,

Сокини  Машриқ,

Ҷурм, пардадарӣ.

Ба ғарқ дар зулмоти ғариб маҳкум аст,

Ва ҳукми содира, гоҳи ғуруб, иҷро шуд.

«Аҷаб, ки бо ҳама доноӣ ин намедонанд»,

Ки ҷовидона баланданд офтобу саҳанд.

***

Нур ва булӯр

Нур, агар дар дили булӯр шикаст,

Бозтобе, ки бозмеёбӣ,

Марги нур аст,

Ё ҳаёти булӯр?

***

Сӯгвори хастаи таърих

Бар селхези хуну хатар, он гоҳ,

Маздак назора кард,

Киштии санавбарони диловарро,

Дар маргзори зулм.

Ва анбӯҳи мардумон диданд,

Ки тандиси беқавораи адли

Саркаш, тановарони ҷавонро чигуна хоҳад кошт?

Дар ҷангале, ки як шаба бояд руст,

Ва з-он ҳама таронаи пуршӯр,

Шевотарин ҳамосаи нур,

Дар зеҳни дашт нахоҳад монд,

Ҷуз,

Овораи як сукут.

Як шохаи шикастаи фарёд,

Дунё гузашт.

Ва халқ,

Ин сӯгвори хастаи таърих,

Ҳамчунон,

Танҳо,

Дарҳамшикаста.

Бар селхези хуну хатар, роҳ мегушуд,

Бо ҳисси тозиёна ба пушт.

Ва таслими ошиқонаи сар, бар таноби дор,

Аммо,

Аз пою пўя наяфтод,

Мансурвор,

З-он рўз,

То ҳанӯз.

آذر خواجوی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *