1 миллиону 700 ҳазор рекорди нави Садриддини Наҷмиддин

Таронаи нави Садриддини Наҷмиддин бо номи «Рӯъё”-ро дар байни ҳамагӣ 5 ҳафта дар Ютуб 1 миллиону 700 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Чунин натиҷа барои овозхонони тоҷик дар Интернет то кунун бесобиқа шумурда мешавад.

Видеоклипи таронаи нави «Рӯъё”-и Садриддини Наҷмиддинро ширкати «RaminMansour Production” рӯзи 7 апрели соли равон – ҳамагӣ 5 ҳафта пеш дар Ютуб нашр кард.

Садриддин дар ин тарона, ки як бахшаш дар Амрико ва як қисмати дигараш дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, бо як матни содда қиссаи ишқи як ҷавон ба як духтари зеборо қисса мекунад:

Рӯъёи ман, дунёи ман,

Фариштаи шабҳои ман.

Худои ман туро дода

Бари дили танҳои ман.

Вале «Рӯъё” бо вуҷуди матни соддааш чунон ба дили мухлисон роҳ ёфтааст, ки онро дар зарфи ҳамагӣ 5 ҳафта дар саҳифаи «RaminMansour Production” дар Ютуб алакай 1 миллиону 700 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ин нахустин таронаи тоҷикист, ки рекорди ҳайратангезаш дар чунин муддати кӯтоҳро ҳатто Ютуб бо як рамзи вижа таъкид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *