Ҷозибаро ёбу, 1500 сомонӣ гир
Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ҳар нафаре, ки сагаш бо номи Ҷозибаро ёфта диҳад, 1500 сомонӣ мукофот ваъда кардааст.
А
Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ҳар нафаре, ки сагаш бо номи Ҷозибаро ёфта диҳад, 1500 сомонӣ мукофот ваъда кардааст. Ин саги чӯпонии рангаш сиёҳро шаби 9 ба 10 март аз манзили Зойиров дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе дуздиданд. Зойров дар Фейсбук навишт, ин саг барояш азизу бебаҳост ва мехоҳад ба ҳар қимате онро биёбад: «Овчаркаи осиёи миёнаги (ба точики «чупони»), рангаш «сиё», кадаш 65 сантиметр, вазнаш 58 килограмм, хама прививкахои (уколхои) тиббиро гузаштаги (5 укол), шиноснома дорад, гушу думаш буридаги нест, арзиши «Чозиба» барои ман бебахост, арзиши бозориаш 10 хазор сомони, хама фармонхои аз чумла «рострав», «боло», «поён», «фаро», «пар», «ист», «бишин», «бирафтем», «бо пеш» ва гайраро ичро мекунад, яъне саг пурра дрессировкаи касбиро гузаштааст, хамчун мухофизи сохиб вазифахои худро ба сифати аъло ичро мекард, ман аз синни як моха буданаш калон кардам, яъне хозир 2 солу 3 моха, ба кличкаи «Чозиба» ва «Чози» таваччух дода, овоз медихад.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ