Мурофиаи судии гунаҳгорони шуриши зиндони Хуҷанд оғоз гардид

Рӯзи 11-уми март дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста мурофиаи додгоҳии маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3 оғоз гардид.

Рӯзи 11-уми март дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста мурофиаи додгоҳии маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3 оғоз гардид.

Мурофиаи мазкур аз ҷониби Cуди олии Тоҷикистон баргузор шуда, дар курсии йбдоршавандаҳо беш аз 30 маҳбуси зиндони Хуҷанд қарор доранд. Исми прокурори парвандаи ифшо намешавад ва мақомот дар Прокуратураи генералӣ  ва ҳам Суди олии Тоҷикистон гуфтанд, ки ба далели ин, ки ин парванда мӯҳри махфӣ дорад, ҷузъиёташ ошкор намешавад.

Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд 4 моҳ сипарӣ шуд. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯбро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд, ки он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд. Мурофиа чор моҳ баъди ошӯби пурқурбоние шурӯъ шуд, ки шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зад ва ба иттилои мақомот, дар пайи он ҳадди аққал 25 нафар, аз ҷумла, 23 зиндонӣ ва ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки гурӯҳи зиндониҳо бо ҳадафи фирор аз зиндон ошӯб бардоштанд, вале ин ошӯб пахш шуд.

Соати 10-и рӯзи 11-уми март назди боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд серодам буд. Даҳҳо нафар аз пайвандони зиндониҳо — аксар падару модарон бо умеди роҳ ёфтан ба мурофиаи додгоҳӣ дар пушти дарвозаи боздоштгоҳ ҷамъ шуда буданд. СИЗО-и рақами 2 дар фосилаи чандсад метр дуртан аз худи зиндони рақами 3-и Хуҷанд ҷойгир аст.Вале ба гуфтаи волидон, онҳо шоҳиди ба дохили боздоштгоҳ ворид шудани вакилони дифоъ, намояндагони мақомоти судию проекуратура  ва чанд мошине шуданд, ки эҳтимолан дар дохилаш муттаҳамони ширкат дар ошӯби зиндон қарор доштанд. Аммо барои ҳеҷ нафари онҳо иҷозаи ворид шудан ба мурофиа дода нашуд. Мақомот пайвандони маҳбусони гумонбарро дар бораи санаи шурӯи мурофиаи додгоҳӣ ҳафтаи гузашта огоҳ карда буданд.

Тафтишоти аввалия беш аз 30 маҳбуси зиндони низомаш сангини рақами 3-и шаҳри Хуҷандро ба содир кардани ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла «куштор», «монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ», «расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ» ва «зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат», айбдор медонад. Бино ба иттилои дастрас, дар парвандаи маҳбусон дар маҷмӯъ 21 моддаи Кодекси ҷиноӣ зикр шудааст, ки гумонбарон дар нақзи он муттаҳам мешаванд.

Нигаронии пайвандон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *