Озмун дар бораи «Роғун» ҷамъбаст ва ғолибон соҳиби 50 000 сомонӣ шуданд
Озмуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»), ки соли 2024 эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ин нукта дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр шуд. Гуфта шуд, ки озмун ҳафтаи равон ҷамъбаст гардида, ғолибон соҳиби мукофотпулӣ гардиданд.
Дар озмуни мазкур Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод, Ҷовид Муқим, Муҳаммад Ғоиб, Карим Ҳайдар ва Аламхон Кӯчарзода ғолиб дониста шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар бахшҳои роман, қисса (повест), очерк ва эссе, ҳикоя, достон, силсилаи ашъор (бо фарогирии ҳамаи навъҳои шеърӣ), мақолаҳои илмӣ-оммавӣ эълон шуда буд.
Ҳамин тавр:
-Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовори ҷойи якум (номинатсияи роман), дар ҳаҷми 12500 (дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ;
-Ҷовид Муқим, профессори факултети журналистикаи ДМТ, сазовори ҷойи якум (номинатсияи роман), дар ҳаҷми 12500 (дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ;
-Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовори ҷойи якум (номинатсияи достон), дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
-Карим Ҳайдар, мудири бахши русии Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон», сазовори ҷойи якум (номинатсияи достон), дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
-Кӯчарзода Аламхон, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ, сазовори ҷойи дуюм (номинатсияи силсилаи ашъор), дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ