Озмуни «Донишҷӯи сол-2022» дар Суғд

Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  хабар доданд, ки миёни донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2022» гузаронида мешавад.

Манбаъ менависад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати​ давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ин озмун татбиқ мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 -и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд иштирок намоянд.

Даври аввали он дар факултетҳо, даври дуюм миёни ғолибони даври аввал ва даври ниҳоӣ​ миёни ғолибони даври дуюм тибқи шартҳои озмун ҷараён мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *