Муъмин Шарифзода: Гирандагони стипендия дар донишгоҳи мо аз 24 ба 104 нафар расид

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гирандагони стипендияҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва раёсати донишгоҳ дар соли 2021 ба 104 нафар расидааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта гирандагони стипендияҳо ҳамагӣ 24 нафарро ташкил медоданд.

Ин нукта дар нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода оид ба фаъолияти ин муассисаи олии таълимӣ дар соли 2021 садо дод.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли 2021 ду ҳазору 94 адад таҷҳизоти техникӣ аз рӯи 29 номгӯ, аз ҷумла 80 компютер, 36 проектор, 15 ноутбук, 13 принтер, 8 камераи назоратӣ, 152 номгӯ таҷҳизоти техникӣ ва шабакавӣ, 5 адад таҷҳизот барои лабораторияи криминалистикӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудаанд.

Илова шуд, ки давоми 5 соли охир 22 ихтисосҳои нав, аз ҷумла, дар соли таҳсили 2021-2022 шаш ихтисосҳои нав — идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва логистика ҷорӣ карда шуд. “Дар ояндаи наздик ҷорӣ намудани ихтисосҳои коргузорӣ, забони русӣ ва тарҷумон, маркетинг дар комплекси агросаноатӣ ва экологияи агросаноатӣ (кишоварзӣ) ба нақша гирифта шудааст”,- зикр дошт ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода.

Сино Ғафурӣ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ ба Pressa.tj гуфт, ки айни замон бо мақсади таъмини низоми босифати идоракунии рақамии раванди таълим аз ҷониби мутахассисони донишгоҳ барномаи — DEM.tj таҳия гардидааст. Барномаи мазкур ба таъмини фаврият оид ба гирифтани маълумот нисбати фаъолияти кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, дастрасии маълумот оид ба теъдоди ҳайати омӯзгорону донишҷӯён, ҷараёни пардохти мабалғи таҳсил, таҳлили давомот ва пешрафти донишҷӯён, таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ, дастрасии натиҷаи сессияҳо ба садорати факултетҳо, кафедра ва сарпарастон, тафтиши аслияти (антиплагиат) корҳои хаттӣ, мутамарказии барнома бо дигар низомҳои иттилоотии донишгоҳ мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *