Озмуни РВКД “бозори” кӯчагиро аз байн бурд

Тавре РВКД-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли расми савдо дар ҷои муқаррарнашуда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати фурӯшанда барои машғул шудан ба савдои кӯчагӣ ва риоя накардани қоидаҳои санитарӣ чораи қонунӣ андешида шавад.
   

Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карда шуд, шаҳрванд Муродов Шукрулло Сангмамадович санаи таваллудаш 13.02.1990 зодаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ҳамадонӣ дар назди бинои 18-и кӯчаи Неъмат Қарабоев ба фурӯхтани пойафзол машғул шудааст.

Дар натиҷа нисбати номбурда барои савдо дар ҷои муқаррарнашуда тибқи талаботи моддаи 640 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, баъди ҷаримабандӣ ҳолати зиддиҳуқуқӣ пурра бартараф карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *