Доира дар хонааш нағунҷид. Дар китоби рекордҳои Гиннес меғунҷида бошад?

Устои созҳои мусиқӣ аз  Кӯлоб  доирае сохтааст, ки  бузургтарин дар Тоҷикистон аст.

Ин сеюмин доираи Сайиднодир Ҳайдарови 33-сола аст, ки як метру 80 сантиметр баландӣ дорад. Ӯ қасд дорад, даф ё доираи худро барои дарёфти рекордҳои Гиннес пешниҳод кунад.

Барои сохтани доираи рекордӣ, Сайиднодир як сол омодагӣ дидааст. Ӯ пусти гови бузургҷусса ҷустуҷӯ мекард. Пас аз пайдо кардани пӯст онро дар ду моҳ сохт. Яке аз доираҳои бузургашро ӯ ба президенти кишвар тӯҳфа кард ва дар иваз ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ дода буданд.

Доираи сеюме, ки ӯ сохтааст, бузургтар аз ду доираи қаблӣ аст.

Ҳунарманд шабурӯз барои такмили ҳунараш талош мекунад, вале шикоят дорад, ки ҳунараш дар Кӯлоб қадр намешавад. Гилаи ӯ аз он аст, ки дар як хонаи танг ҳам зиндагӣ ва ҳам устогарӣ мекунад.

Бо вуҷуди муроҷиатҳояш ба раисони собиқ, барои ҷудо кардани замин ва сохтани як устохонаи замонавӣ арзашро нашуниданд.

“Беҳад ҷо хурд ҳаст. Ҳамагӣ ду сотих замин аст. Шукри Худо соҳиби чаҳор фарзандам, дигар дар ҷои танг бо ин асбобҳое, ки ман дорам, ҳар рӯз хатар аст”,—гуфт ӯ.

Сайиднодир Ҳайдаров 13 навъ асбоби мусиқӣ месозад. Ӯ мегӯяд, аз Исроилу Амрико ва кишварҳои аврупоӣ харидорони маҳсулоташро  дорад. Дар ин бора «Озодӣ» гузориш додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *