Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» баргузор мегардад

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» эълон мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ бошанд. Инчунин ба мавзӯи ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.

Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2018 дар муассисаҳои чопии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, метавонанд иштирок кунанд.

Шартҳои асосии озмун маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир мебошанд.

Ба ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ ва назму насри бачагона диплому мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Маълумоти бештарро аз сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- http://vfarhang.tj/index.php/tj метавонед дастрас намоед.

Бознашр аз Ховар

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *