Озода Раҳмон: «Ҷазои занҷалобон сангинтар мешавад»

Имрӯз  дар ҷаласаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ   масъалаҳои таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният  баррасӣ гардид.  Раиси кумита Озода Раҳмон зимни муаррифии  тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ зикр намуд, ки  ҷазо барои ташкили фоҳишахонаю занҷаллобӣ дар кишвар пурзӯр карда мешавад.

Бар асоси иловаҳо ба моддаи 239 қисми 2, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард,  барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ  ҷавобгарӣ пурзӯр гардонида мешавад.

Феълан барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобӣ дар Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тағйироти қабулшуда афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *