Пӯшидани ҳиҷоб ва доманаҳои кӯтоҳ дар донишгоҳҳо манъ карда шуд
Имсол дар мактабҳои олии Узбекистон асноди довталабонеро, ки дар тан ҳиҷоб ваё мини-юбка ё шортик доштаанд, қабул накардаанд. Маъмурияти донишгоҳҳо мегӯянд, довталабон бояд аз ҳоло худро либоси расмии дар мактабҳои олӣ қабулшударо бипазиранд.
Довталабони зиёде аз Узбекистон шикоят кардаанд, ки асноди онҳоро дар мактабҳои олии ин кишвар ба сабаби ҷавобгӯи талабот набудани либосашон қабул накардаанд. Маъракаи қабули асноди довталабон ба мактабҳои олии Узбекистон аз 15 июн то 15 июл идома дошт.
Намояндаи вазорати мактабҳои оливу миёнаи махсуси Узбекистон гуфтааст, дар ин кишвар пӯшидани либоси мазҳабӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ қонунан манъ шудааст.
Дар банди 14-уми қонуни дини Узбекистон гуфта шудааст, ки «дар маконҳои ҷамъиятӣ (ба истиснои ходимони созмонҳои динӣ) пӯшидани либоси мазҳабӣ манъ аст.”Моддаи 184-уми Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Узбекистон барои дар маконҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либоси мазҳабӣ ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи баробари аз 5 то 10 маоши ҳадди ақал ваё ҳабси маъмурӣ ба муддати то 15 рӯзро пешбинӣ мекунад.
Вале ҷолиб он аст, ки имсол ҳангоми қабули асноди довталабон дар мактабҳои олии Узбекистон довталабони либосашон аврупоӣ низ ба мушкилот рғӯбарӯ шудаанд.
Як намояндаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Навоӣ гуфтааст, довталабон бояд аз ҳоло худро ба либоси расмии қабулшуда дар мактабҳои олӣ омода кунанд ва ин талаб нафақат ба ҳиҷобпӯшон, балки ба онҳое ҳам, ки беш аз ҳад урён мепӯшанд дахл дорад: «Ахлоқи либоспӯширо онҳо бояд аз ҳамин давраи довталабиашон риоя кунанд. Чунки онҳо омӯзгорони ояндаанд, ки насли ҷавони моро таълим хоҳанд дод.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ