Оятулло ду бор ҷазо гирифту тавба накард

Дар асоси аризаи сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Норматов Н., соли таваллудаш 1990, шахси ба ӯ ношинос, рӯзи 11 июли соли равон бо роҳи таҳдиду истифодаи зуроварӣ ва бо воситаи корди дар дасташ буда, як зарба ба пои рости ӯ зада, маблағи 4 ҳазору 300 сомонии ӯро тасарруф намуда, аз ҷой ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа гурӯҳи фаврӣ- ҷустуҷӯӣ таъсис дода, дар як муддати кӯтоҳ, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳманазаров Оятулло, соли таваллудаш 1989-ро, ки пеш ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, бо гумони даст доштан ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *