Падарам писарашро оқ кард

Падарам марди сарватманд буда, барои мо, фарзандонаш ҷонашро ҳам дареғ намедошт.

Бародари калониам Давронро эрка карданҳои падарам аз кӯчаи одамгарӣ бароварда, пулмасту кӯчагард шуда монд. Бо ҷӯраҳои қиморбозаш мудом аз паси беваҳо давида мегашт.  Волидонам бисёр кӯшиш карданд, ки ӯро аз роҳи бад гардонанд, вале натавонистанд. Даврон на модарамро писанд мекарду на аз падарам метарсид, вай ба сари онҳо зӯрӣ карда, мудом пул мепурсид. Мабодо пул надиҳанд, таҳдид мекард, ки хонаро оташ мезанад. Косаи сабри падарам оқибат лабрез гашт ва Давронро зада аз пой афтонду бо дасту пойи баста, ба девонахона бурда хобонд, вале акаам аз Куктош ҳам фирор кард. «Ту маро ба девонахона бурдӣ» гуфта, Даврон падарамро мурданивор зуд. Падарам ба ғазаб омада, писари эркаашро оқ кард. Ақли бародарам баъди «оқат кардам» гуфтани падарам ба сараш зада бахшиш пурсид, вале аллакай кор аз кор гузашта буд.

Хулоса, падарам бародарамро аз хона пеш кард ва бо ҳамин мо дигар рӯйи ӯро надидем. Дертар аз забони ҷӯраҳояш шунидем, ки Даврон ба шаҳри Грозный рафтааст. Фарзанд чӣ хеле, ки набошад, барои падару модар азиз аст, падарам Давронро оқ карда бошад ҳам, ҳушу ёдаш мудом ба писари оворааш банд буд. Оқибат аз ғами дурии ҷигарбандаш аз по афтида, ин дунёро падруд гуфт.

Хонандагони азиз, агар шумо бародари моро шиносед, илтиҷо мекунам, ба мо хабар диҳед ё ба идораи “Оила” занг зада, нишониашро бигӯед, чунки чашми модари бечораам то ҳол дар роҳ аст, ки шояд писараш аз дар медарояд…

Руқия, аз н. Ғозималик

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *