Маҳбус: Хушдоманам низ медонист писараш дар Сурия ҳаст, вале ӯро ҷавоб доданду маро не!

Олимахон Маҷидова, сокини 23-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки бо моддаи 401 прим 1 ба муҳлати 10-сол аз озодӣ маҳрум шудааст, аз ҳукми баровардаи суд норизо мебошад.

Олимахон Маҷидова, сокини 23-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки бо моддаи 401 прим 1 ба муҳлати 10-сол аз озодӣ маҳрум шудааст, аз ҳукми баровардаи суд норизо мебошад.

Дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак 339 зан адои ҷазо намуда, миёни ин афрод 20-нафарашон бо ҷурми ифротгароӣ маҳбасӣ мебошанд. Олимахон Маҷидова, яке аз он занҳое ҳаст, ки бо ҷурми ифротгароӣ давоми як солу як моҳ мешавад, дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак адои ҷазо менамояд. Вақте гурӯҳи хабарнигорон аз ин маҳбас дидан кардем, дар мавриди чигуна бо ин ҷурм гунаҳкор шудани Олимахон Маҷидова, мусоҳибае омода сохтем, ки метавонед ин ҷо бихонед!

Чӣ сабаб шуд, ки Шуморо бо моддаи 401 прим 1 гунакор карданд?

-Соли 2016 шавҳарам дар Русия кор мекарду маро ба наздаш даъват кард. Ман ҳам даъвати ӯро рад накарда, ба наздаш рафтам. Мо як моҳ дар як хона зиндагӣ мекардем. Пас аз як моҳ шавҳарам гуфт биё ба давлати Сурия меравем. Аммо ман пешниҳодашро рад карда, бо ӯ ҷанг шудем. Дид, ки ман гуфтаҳояшро рад мекунам, ба ман чипта харида, маро ба Тоҷикистон равон карду ман ҳам омадам.

Чихел фаҳмидед, ки шавҳаратон ба Сурия рафтааст?

-Пас аз ба Тоҷикистон баргашта омаданам, 2-моҳ баъд худаш ба ман навист ва гуфт, ки “ман ба ҳамон ҷое, ки қаблан мегуфтам, меравам”. Аз байн як моҳи дигар гузашта буд, шавҳарам хабар дод, ки “дар ҳамон ҷои гуфтаам ҳастам”. Номи ҷои будаашро нагуфт. Гуфт “наметавонам номашро гӯям”. Ман боз пурсидам, ки ба Сурия рафтӣ?, гуфт “ҳа”. Ман гуфтам дигар ба ман нанавис, чунки барои ту шуда, маро боздошт мекунанд. Вале ӯ мегуфт “ҳеҷ чиз намешавад, танҳо ту бо ман суҳбат кун ва пас аз суҳбат ҳамаи навиштаҳоро пок кун”. Аммо ман пок намекардам, ба худ мегуфтам ҳар вақт ғамгин шудам ё пазмонаш шудам, навиштаҳояшро мехонам. Шавҳарам мегуфт, “ман барои кӯдак пул мефиристаму биё”. Ман мегуфтам ба ман пулат даркор нест, ман равам дар бонк гӯям, ки шавҳари ман аз Сурия барои ман пул равон кардаасту маро боздошт кунанд? То ҳол намедонам, ки шавҳарам мурда ҳаст ё зинда. Хонаводаи ман ҳам дигар бо хонаводаи шавҳарам рафту омад намекунанд.

Фарзанд доред?

-Бале, як писар дорам, ки 4-сола мебошад.

Ҳоло дар куҷо ҳаст писаратон?

-Писарамро модарам нигоҳубин мекунад. Бо ҳамроҳии модарам ба дидорбинии ман меоянд. Албатта дурӣ аз фарзанд мушкил аст, вале чӣ кор кунам, ки наздиконам маро ба ин ҳол гирифтор карданд.

Наздиконатон?

Бале, аз суҳбатҳои мо ҳамсари додарам хабар дошт ва чанд маротиб ҷангҷол карда, мегуфт, ки ба шӯъбаи пулис хабар медиҳад. Билохира рафту хабар дод, ки ман нияти ба Сурия рафтанро дорам. Кормандони пулис омада, маро боздошт карданд.

Бештар шавҳаратон дар бораи чӣ суҳбат мекард?

Ман бо шавҳарам, ки дар кишвари Сурия қарор дошт, тариқи интернет суҳбати телефонӣ мекардам. Шавҳарам маро доим даъват ба Сурия мекард, вале ман доим ҷавоби рад медодам. Ман кушиш мекардам танҳо дар бораи худаш, ҳолу аҳволаш ва бо чӣ кор дар он ҷо машғул буданаш, пурсон шавам. Танҳо дар бораи худамон суҳбат мекардам. Вале ӯ даъват мекард, ки “кӯдакро бо худат биёр, ин ҷо зиндагӣ мекунем. Ин ҷо зиндагӣ хуб аст”. Вале ман мегуфтам наметавонам падару модар ва дигар наздиконамро партофта равам. Ман ин ҷо зиндагӣ мекунам.

Чаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи дар Сурия қарор доштани шавҳаратон хабар надодед?

-Ман бо шавҳарам суҳбат мекардам, вале намедонистам, ки ин ҷиноят аст.

Чанд сол ҳукм гирифтаед?

-Қаблан маро барои 12-сол аз озодӣ маҳрум сохта буданд, ман аз болои ҳукми суд шикояти касатсионӣ бурдам. Пас аз шикоят ҳукми судро тағйир дода, маро барои 10-сол равонаи зиндон намуданд.

Шавҳаратон бо падару модар ва ё дигар наздиконаш суҳбат мекард?

-Бале, модару бародаранаш маро мегуфтанд “бо шавҳарат гап зану дар борааш маълумот гир, чунки ту занаш ҳастӣ, гапҳояшро ба ту мегӯяд”. Хушдоманам медонист, ки писараш дар Сурия қарор дорад, ӯ низ ба мақомоти пулисдар ин бора хабар намедод. Вақте маро дастгир карданд, хушдоманамро низ ба мақомоти пулис даъват карда буданд. Ман ба он кас гуфтам дар вақти суҳбатҳои ман бо писарат ту низ бо ман будӣ ва маҷбур мекардӣ, ки бо писарат гап занам, имрӯз ман дастгир шудам. Вале ӯ ҳамаро рад карда, худро бегуноҳ бароварду маро ҳабс карданд. Ӯро пас аз даъват ҷавоб доданду маро не.

Ба монанди Олимахон Маҷидова кам нестанд заноне, ки ё аз надонистани қонун ва ё аз паси шавҳарони худ рафта, даст ба чунин ҷиноят мезананд. Дар Муассисаи ислоҳии занон дар шаҳри Норак буданд заноне, ки бо моддаи 401 зиндонӣ шуда буданд.

Ҳамчунин масъулини муассиса зикр карданд, ки бештар аз нисфи занон бо ҷурми қаллобӣ ба маҳбас афтодаанд. Гуфта мешавад, солиёни охир ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ шумораи бонувони маҳбус аз рӯи моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ бештар ба муассиса ворид мешаванд.

Тибқи маълумоти Парвиз Асадуллозода, роҳбари Муассисаи ислоҳии занон дар шаҳри Норак, дар зери назорати онҳо 339 зан қарор дошта, 167-тои онҳо бо кор машғул мебошанд. Гуфта мешавад 5- 6 фисади маҳбусзанон дигарбора ба муассиса афтодаанд. Мушкилии асосии муассиса ба гуфтаи сардори он, камии ҷои кор, яъне набудани сехҳои иловагист.

Мижгона Ҳалимова

Гузориш моҳи октябри соли 2018 аз зиндони занонаи шаҳри Норак омода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *