Падарандари тоҷик ба зӯроварӣ нисбати духтари русаш айбдор карда шуд
Як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Русия бо иттиҳоми бадрафтории шаҳвонӣ нисбат ба духтарандари 16-солааш дастгир шудааст.
Пулиси ноҳияи Кингисеппи вилояти Ленинград хабар дод, ки шоми 10 май як зани соли таваллудаш 1981 ба пулис шикоят овард, ки шавҳараш – шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987, соати ҳашти субҳи 9 май нисбат ба духтари 16-солаи ӯ бадрафторӣ кардааст.
Соли таваллуди духтари ин зан 2001 будааст.
Шавҳари ин зан дастгир шуда ва Кумитаи тафтишоти вилояти Ленинград ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 132-юми Кодекси ҷиноятии Русия (амалҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ