Самара: Ду ҷавони тоҷик дар садама ҳалок гашта,3 тани дигар захмӣ шуданд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Самара 3 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуданд. 3 нафар аз 5 тани маҷрӯҳшуда дар ин садама низ муҳоҷирони тоҷик будаанд.

Дар Интернет як шоҳид видеои садамаи пурқурбонии субҳи 9 май дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараро нашр кард. Субҳи 9 май, соати 06:35 дар километри 918-уми шоҳроҳи М-5 «Урал» дар ҳудуди ноҳияи Сизран як мошини «Peugeot 206» ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини ВАЗ – 2106 бархӯрд.

Дар натиҷаи садамаи ронандагони ҳарду мошин ва як мусофири «Peugeot 206» ҳалок шуда, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Пулиси вилояти Самара гуфт, дар мошини «Peugeot 206» 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаракат мекарданд. Ронандаи ин мошин – ҷавони 30-солаи тоҷик ва як ҳамватани 34-солааш ба ҳалокат расида, 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки якеаш 22 ва дуи дигар 18-сола будаанд, бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон бурда шудаанд.

Мошини ВАЗ -2106 ба сокини 39-солаи шаҳри Октябрск Андрей Мухин тааллуқ доштааст. Худи Мухин дар ин садама ҷон бохта, ҳамсари 42-сола ва духтари 14-солааш маҷрӯҳ шудаанд.

Бовар меравад, ки муҳоҷирони тоҷик барои убури марзи Русия бо Қазоқистон мерафтанд. Тибқи қонунҳои Русия, муҳоҷирони корӣ бояд ҳар 90 рӯз қаламрави ин кишварро тарк кунанд ва дубора ворид шуда, кору иқомати худро дар инҷо аз сар бигиранд.

Муҳоҷирони тоҷик маъмулан барои иҷрои ин шарт ба таври шарикӣ ягон мошинро иҷора гирифта, аз марзи Русия бо Қазоқистон ё бо Украина убур мекунанд.

Ин 5 муҳоҷир дар вилояти Самара замоне дучори садамаи пурқурбонӣ шуданд, ки то марзи Қазоқистон ҳамагӣ 500 километри дигар монда буд. Рақами давлатии мошини онҳо марбут ба шаҳри Маскав буд ва бовар меравад, ки онҳо аз Маскав меомаданд.

Дар видеои нашркардаи шоҳиди ҳодиса дида мешавад, ки дар натиҷаи садама ҳарду мошин ба андозае осеб дидаанд, ки зинда мондани 5 нафар аз мусофирони онҳо худ ҳамчун як мӯъҷиза ба назар менамояд.

Пулиси Самара дар ин садама ронандаи тоҷикро гунаҳкор медонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *