Падари «хасис» писарашро кушт

Дар Намангони Ӯзбекистон падаре, ки намехост, алимент супорад, писари яксолаашро дар канали Шимолии Фарғона ғарқ кард. Додгоҳ ин мардро 18 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи вилоятии Намангон Расулбек Тошпулодови 26-соларо дар куштори барқасдонаи писари яксолааш айбдор кард.

Расулбек Тошпулодов соли 2017 издивоҷ карда, 4 июли соли 2018 соҳиби фарзанд шуд. Аммо 24 апрели соли ҷорӣ бо баҳонаи ин ки писараш ба ӯ шабоҳат надорад, аз ҳамсараш ҷудо шуд.

Додгоҳ қарор кард, ки Расулбек Тошпулодов 70 дарсади даромадашро ба писараш пардозад.

Ин мард 8 июли соли ҷорӣ писарашро рабуда, ба канали Шимолии Фарғона ғарқ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *