Падари келин хостгоронро зад

Ману Руқия се сол боз волаю шайдои ҳамдигар будем ва аҳду паймон доштем, ки то марг ҷудо намешавем. Бо модарам маслиҳат кардам, ки ҳамин сол тӯй када, дӯстдоштаамро ба хона меорам.

Кампир аввал “бачаҷон, ҳоло барои тӯй кардан шароит надорем, охир худат медонӣ, ки духтардор пулу моли бисёре талаб мекунад” гуфт, вале ман ду поямро ба як мӯза андохта “очаҷон, пулу моли дунё ёфт мешавад, вале Руқияро ба ягон каси дигар диҳанд, ҳоли ман табоҳ мегардад” гӯён, ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро розӣ кардам. Модарам, ки барои мо ҳам падару ҳам модар аст ва бо сад ранҷу азоб моро ба воя расонидааст, “дили писарам нашиканад” гуфта, кулчаҳои ширмол пул ва бо савғотии бисёр ба хонаи падари Руқия ба хостгорӣ рафт. Волидони арӯсшаванда чикора будани маро пурсидаанд. Модарам ягон чизро пинҳон надошта, гуфтааст, ки писарам дар фалон ширкат кор мекунад. Падару модари Руқия “фикр карда, баъди 10 рӯз ба шумо ҷавобашро мегӯем” гуфта буданд, вале аз байн ду ҳафта гузашту аз онҳо дарак нашуд. Ҳайрон мешудам, ки чаро онҳо корро ин қадар кашол медиҳанд, охир ман на каламу на кӯр ва на бехонаю дармонда.

Хуллас, баъди 15 рӯз худам ба Руқия занг зада, сабаби то ҳол ҷавоб надодани падарашро пурсон шудам. Дилдодаам оҳи сард кашида гуфт: “Падарам аз касе дар бораи ширкати шумо пурсидааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки дар он корхона ҳама фиребгару “машенникҳо” кор мекунанд, барои ҳамин ба издивоҷи мо розӣ нест. Хостам ба падари духтар фаҳмонам, ки панҷ панҷа баробар нест ва ман на дуздам, на фиребгар. Бо ҳамин мақсад як бегоҳ ба хонаашон рафтам. Падари Руқия аз кор хеле дер омад ва бо дидани ман аз ғазаб “девона” шуда, дод зад: “Шарманда, наход домод пеш аз тӯй ба хонаи падари духтар биёяд-а?! Акнун фаҳмидам, ки ба ғайр аз “машенник”-ӣ ту боз бачаи бе шарму ҳаё ҳам будаӣ. Хез, дафъ шав, ки дигар афти хунукатро набинам! Ман аз ту ҳам безораму аз очаи қишлоқиат ҳам, духтар он тараф истад, сагам, агар сагбача зояд, ба шумоён намедиҳам…”

Суханони нешдори падари Руқия аз ҷавшани ҷонам гузашта, оташи ишқро дар дили ман хомӯш гардонд, вале ин гапро рӯ ба рӯ ба ӯ гуфта наметавонам. Аз ҳамин сабаб ба “Оила” муроҷиат намудам, то бо воситаи газета ба дӯстдоштаам бигӯям:

-Руқияҷон, хафа нашав, вале баъди он гапҳои сахти падарат ман дигар наметавонам бо ту ҳамхона шавам. Илтимос, дигар ба ман занг назан!

Маҳмуд, н. Вахш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *