Футболбози беҳтарини ҷаҳон Ҷорҷ Веа президенти Либерия

Ҷорҷ Веа, беҳтарин бозигари ҷаҳон ва барандаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 1995 президенти Либерия интихоб шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон Ҷорҷ Веа дар ин вазифа Элен Ҷонсон-Серлиф, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2011-ро иваз намуд, ки ду давра шашсолӣ президент интихоб гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, дар интихоботи президентӣ Веа аз рақиби асосии худ ноиби собиқ президенти Либерия Ҷозеф Бока аз “Ҳизби ягонагӣ” пеш гузашт.
Собиқ футболбози беҳтарини ҷаҳон қаблан низ дар интихоботи соли 2005-и Либерия ширкат карда, 40%-и овозҳоро ба даст оварда буд, аммо ба пирӯзӣ даст наёфт.
Ҷорҷ Веа аз соли 1985 то 2003 дар майдони футбол ҳамчун ҳамлавар ва яке аз беҳтарин бозигарони африқоӣ дар бошгоҳҳои машҳури ҷаҳон аз қабили “Монако”, “ПСЖ”, “Милан”, “Челси”, “Манчестер Сити” ва “Марсел” ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ соли 1995 беҳтарин футболбози ҷаҳон ва 3 маротиба беҳтарин футболбози Африқо эътироф шуда, аз соли 2003 баъди анҷоми бозии касбӣ дар футбол ба сиёсат гузаштааст. Интихоботи президентӣ дар Либерия сешанбеи 10 октябр доир гашта, натиҷаҳои ниҳоии он 12 октябр эълон шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *