Падари Нилуфарро кӣ меёбад?

Нилуфари 5- сола падарашро боре надидааст, аммо ба умеди омадани вай аз муҳоҷират мӯйи сарашро қайчӣ намезанад… Саида бошад, 26 сол дораду ба худ қавл додаст, ки бе фотиҳаи падар қабои арӯсӣ ба бар намекунад. Падари Нилуфар беномунишон аст, падари Саида  17 сол боз ёди Ватан намекунад…

 Тӯйҳои пур аз гиря

Саида рӯзҳои кӯдакӣ ва меҳрубониҳои падарашро ба ёд оварда, ашк мерезад. Ӯ ҳамроҳи падараш Сайфулло ҳамагӣ 2 акс дорад.

Гарчанде қадрас шудаасту хостгорҳо остонаашонро охурча кардаанд, аммо ӯ розигӣ намедиҳад. Вай ба худ қавл додааст, бе дуои падар ба шавҳар намебарояд.

«Акаам ва апаам бе падар оиладор шуданд. Тӯяшон фақат бо гиря гузашт. Ман чунин намехоҳам»- мегӯяд ӯ.

Сайфулло падари Саида зиндаву саломат аст ва дар Екатеринбург қарор дорад. Ӯ 18 сол пеш бо мақсади кор ба муҳоҷират рафт ва ҳамин тавр ӯ барнагашт.

«Мо дар кӯдакӣ зиёд азоб кашидем. Модарам танҳо моро калон кард. Имрӯз худамон коргар, ба мо пул лозим нест. Шумо бовар мекунед, дар 18 соли дурӣ падарам боре моро ба зодрӯзамон табрик накардааст».

Сайфулло хеле кам ба оилааш кумаки молӣ мекунад. Ба як маънӣ, ӯ онҳоро партофтааст.

«Баъзеҳо мегӯянд, ки падарат дар Екатеринбург оилаву хонаву дар дорад… Баъзе ҳатто мегӯянд, ки сарватманд аст. Аммо ман падарамро дӯст медорам, гарчанде акаву апаам қариб 8-9 сол аст, ки бо ӯ гап намезананд»,-мегӯяд, Саида.

 Зоир куҷо шуд?

Нилуфар бошад, ҳамагӣ 5 сол дорад. Як сол қабл падараш тариқи телефон гуфт, ки то мӯйи сараш дароз нашавад, ӯ намеояд. Ҳамин тавр, ин духтарча ба касе иҷоза намедиҳад, ки мӯяшро қайчӣ кунад ва онҳоро эҳтиёт мекунад.

Падари Нилуфар Зоир Зокирови 33-сола як соли охир бедарак аст. Ӯ чанд сол қабл ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт ва ба қавли наздикон, дар вилояти Уляновск, дар хонаи вакиле бо номи Евгений мардикорӣ мекард. Муҳаббат Ҷаҳонова, модари Зоир мегӯяд, ки барои писари гумшудааш ашк мерезад:

«Фикрам куҷоҳое намеравад… Дирӯз як ҳамсояамонро оварда, гӯр карданд. Интизориҳои кӯдаконро дида, дилам месӯзам. Духтарчааш ҳар рӯз пеши оина рафта,  мӯяшро чен мекунад, ки «кай дадаам меояд». Бино ба иттилои наздикон Зоир, то баҳори соли 2018 пайваста ба онҳо тамос мегирифт ва бо кӯдакон суҳбатҳои видеоӣ мекард, аммо якбора бедарак шуд.

Раҳматулло, бародари Зоир мегӯяд, ки дар суҳбати охир Зоир хеле нороҳат буд:

-Гуфтам, ки чаро ин қадар зиқӣ? Гуфт: -Пуламро надода истодаанд. Гуфтам: — Пас, хезу биё. Гуфт: -Не, ман пуламро мегирам, баъд меоям. Ман гуфтам, ки ватани худаш аст, зӯр аст. Агар ҳуҷҷатҳоятро гирифта бошад, ба мақомот муроҷиат кун. Гуфт, ки не, он ҷо одам доранд. 100 ҳазор рубл бояд ҳаққи корашро мегирифт. Баъди ҳамин дигар чанд бор занг задам, телефон хомӯш ва худаш бедарак шуд. Яке мегӯяд, бемории вазнин аст. Дигараш мегӯяд, ҷое рафтагӣ аст, ки ягон шинос ҳам нест, ки пурсем куҷо шуд. Ҳайронем, ки куҷоро ҷустуҷӯ кунем.

Гумшудаҳоро кӣ меҷӯяд?

Овардани ин ду воқеа бесабаб нест. Муҳоҷирони корӣ василаи муҳимтарини суботи кишвари мо ҳастанд. Маҳз бо маблағи онҳо иқтисодиёти кишвар мечархад ва суботу осоиш дар кишвари мо барқарор аст. Мардум гурусна намемонанд ва бе ҷойи кор будани миллионҳо нафар ба назар наменамояд.

Аммо ин суботу осоиш ба ивази чӣ меояд? Албатта, ба ивази обилаи дастоне, ки дар 20-25 дараҷа хунукӣ қути лоямут меҷӯяд. Ба ивази он ҳама интизориҳову роҳпоиҳо ва гиристанҳову шабзиндадориҳо.

Аммо як суол ҳамеша мавриди мубоҳисаи мо қарор дорад: ҳукумат бар ивази ин ба муҳоҷирон чӣ коре кардааст? Посух равшан аст: Ҳеҷ!

Барои мисол падари Нилуфар Зоир аст, ки бедарак мебошад. Ӯ дар куҷост? Кӣ бояд ӯро ҷустуҷӯ кунад?

Зоир яке аз он садҳо муҳоҷирест, ки тӯли ду даҳсолаи охир дар Русия беному нишон шудааст. Танҳо дар соли 2018 ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз мақомот ва бархе аз созмонҳои кор бо муҳоҷирон ва созмони «Ҳилоли Аҳмар» дар ҷустуҷӯи наздикони гумшудаи худ кумак хостаанд. Аммо дар кишвари мо ягон мақомот бевосита ба ҷустуҷӯйи гумгаштаҳо машғул нест.

 Зиндасағирҳо

Агар бархе аз муҳоҷирон бедарак шаванд, пас кам нестанд, онҳое ки маҳали зисту корашон маълум аст, аммо баргаштан намехоҳанд. Ба зану фарзандҳои дар ватанбуда таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Қиссаи Саиди қаҳрамони «Пуст говорят» аз хотири касе нарафтааст.

Имрӯз зиёде аз муҳоҷирон аз шаҳрвандии Тоҷикистон села-села даст кашида, шаҳрванди Русия мешаванд. Аммо касеро парвое нест, ки аҳволи оилаи тоҷикистонии онҳо чӣ мешавад. Дар боло Сайфуллоро мисол овардем, ки 18 сол боз ба фарзандонаш кумак намекунад ва ҳатто бо онҳо суҳбат карданӣ нест.

Фарзандони ин гуна муҳоҷирон дар фақру нодорӣ ва азобу уқубат ба воя мерасанд. На тарбияи комил мегиранду на аз лиҳози  иҷтимоӣ таъминанд. Ин гуна зиндасағирҳо кам нестанд ва мутаассифона, рӯз аз рӯз меафзоянд.

«Пулиси муҳоҷират»

Низоми муҳоҷират дар Тоҷикистон ниҳоят хароб аст. Солҳост, ки коршиносон «мазори бешафоат» будани Хадамоти муҳоҷиратро мегӯянд, аммо ҳеҷ не, ки консепсияи кор бо муҳоҷирони тоҷик танзим шавад. Билохира, дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон», собиқ сардори Хадамоти муҳоҷират ва айни замон пажӯҳишгари Институти иқтисод ва демографияи Академияи улум Анвар Бобоев низ ба тобеияти Вазорати корҳои дохилӣ гузаронидани хадамоти муҳоҷиратро, ки солҳост таъйид мешавад, муҳиму зарурӣ шуморид.

Вазъи феълии бесарусмонӣ дар низоми муҳоҷират тақозо мекунад, ки атрофи ин масъала чора андешида шавад. Бояд ягон ниҳоде таъсис дода шавад, ки фаъолияти муҳоҷирони кориро дар хориҷи мамлакат ба танзим ва назорат карда тавонад. Тавонад, ки аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунад, бедаракшудаҳоро пайдо намояд ва билохира нагузорад, ки гирифтори бало шаванд…

Дар мавриди муҳоҷироне, ки зану фарзандашонро партофтаанд,  бояд чора андешида шавад. Ба Сайфулло барин инсонҳо кӣ ҳуқуқ додаст, ки 18 сол ба фарзандонаш нигоҳ накарда, кайфу сафо кунад!?

Бинобар ин, ба тобеъияти ВКД гузаронидани Хадамоти муҳоҷират агар ногузир бошад, пас таъсиси «Пулиси муҳоҷират», ки муҳоҷиронро дар хориҷи кишвар ба танзим дарорад, низ дар тобеи ин ниҳод муҳим аст.

Назари дигаре доред? Нависед! Email: [email protected]

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *